БОЗ ЯК «ШАҲРВАНДИ ИФТИХОРИИ ДУШАНБЕ»

Ноябрь 13, 2008 11:58

                Душанбе, 13 ноябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев Сафири фавқулодда ва мухтори Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Рамазон Абдулатиповро бинобар анҷом ёфтани мӯҳлати ваколати дипломатиаш ба ҳузур пазируфт.                Дар ҷараёни мулоқот Маҳмадсаид Убайдуллоев ба саҳми босазои Рамазон Абдулатипов ҳамчун сафир дар рушду таҳкими муносибатҳои ҳасанаи Тоҷикистону Россия, пеш аз ҳама тақвияти робитаҳои байнипарлумонии ҳар ду кишвар баҳои баланд дод.                М. Убайдуллоев зикр намуд, ки нақши Р. Абдулатипов ҳамчун дипломати варзида ва ходими намоёни сиёсию давлатии кишвари дӯст дар густариши робитаҳои минбаъда муассир хоҳад монд.               Дар фарҷоми мулоқоти самимӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев ба фаъолияти минбаъдаи Р. Абдулатипов пирӯзиҳо хоста, ӯро барои саҳми арзандааш дар рушди муносибатҳои дӯстона, густариши ҳамкориҳо дар бахши иқтисоду савдо, илму техника ва фарҳанг миёни пойтахтҳои кишварҳо- Душанбе ва Москва дар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе аз 11 -уми ноябри соли 2008 бо унвони «Шаҳрванди ифтихории шаҳри Душанбе» сарфароз гардонид.

Ноябрь 13, 2008 11:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад