БУНЁДИ МАДАД БА МУТАХАССИСОНИ ҶАВОН МАДАД МЕРАСОНАД

Ноябрь 17, 2008 17:01

            Душанбе, 17 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова) — Аз 17 то 23-юми ноябр дар пойтахти шаҳри Қирғизистон — Бишкек давраи тирамоҳии «Мактаби худидоракунии маҳаллӣ» барои донишҷӯён ва мутахассисони ҷавони Тоҷикистону Қирғизистон оғоз мегардад. Чорабинии мазкур бо дастгирии Институти ҷомеаи кушода- Бунёди мадади Тоҷикистон, дар якҷоягӣ бо «Маркази технологияҳои ҷамъиятӣ» доир гардида, марҳилаи навбатии татбиқи лоиҳаи «Мактаби тадқиқоти шаҳрдорӣ ва технологияҳо» ба ҳисоб меравад.                 Татбиқи лоиҳа моҳи январи соли  ҷорӣ оғоз гардида,  дар доираи озмун 12 донишҷӯ ва мутахассиси ҷавон аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ  оид ба ҷанбаҳои мухталифи худидоракунии маҳаллӣ пажӯҳишҳои таҳлилӣ анҷом доданд. Мақсади лоиҳа — эҷоди замина барои такмили сифати омодагии технологии мутахассисон дар риштаи менеҷмент барои мақомоти идора ва худидоракунии маҳаллӣ ва анҷоми корҳои таҳлилӣ мебошад.

Ноябрь 17, 2008 17:01

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид