«ЧАШМОНИ БАРОДАРИ ҚИЁМАТӢ» — И НУР ТАБАРОВ
Душанбе, 20 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). — Дирӯз дар Театри Давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов намоишномаи нав бо номи «Чашмони бародари қиёматӣ» аз рӯи асари нависандаи машҳури тоҷик Нур Табаров рӯи саҳна омад. Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Театри ҷавонон хабар доданд, намоишномаи мазкур бо дастгирии Институти ҷомеаи кушода- Бунёди мадади Тоҷикистон ба саҳна гузошта шудааст. Спектакл фалсафӣ буда, коргардон ва басаҳнагузорандаи он Ҳунарманди Халқии Тоҷикистон Мирзоватан Миров мебошад. Нақшҳои асосиро ҳунармандони халқии ҷумҳурӣ- Ғолиб Исломов, Тағоймурод Розиқов, Асалбегим Саодатова ва дигарон мебозанд. Намоишнома то охири сол идома хоҳад ёфт.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






