ДАР ДУШАНБЕ НАМОИШГОҲИ «АГРОФУД-2008» БАРГУЗОР МЕГАРДАД

Ноябрь 4, 2008 15:40

               Душанбе, 4 ноябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон (ПСС) бо ташкилкунандагони Намоишгоҳи «Агрофуд — 2008» нишасти матбуотӣ баргузор гардид.Директори ширкати намоиши-рекламавии «Гроу — интернейшнл» Муҳаммад Умронӣ ва директори «Агротех Хуросон» Ҳамид Ризо Султонӣ оиди мақсади ташкили намоишгоҳи мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот доданд. Аз ҷумла, зикр гардид, ки дар намоишгоҳе, ки бо дастгирии Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Точикистон ва Ширкати намоишгоҳи рекламавии «Гроу Интернейшнл»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон аз 8 то 12 ноябри соли равон дар Душанбе баргузор мегардад, дар он мошинаҳо ва таҷҳизотҳои кишоварзӣ, нуриҳои минералӣ, пеститсидҳои кишоварзӣ, маҳсулоти хӯрокворӣ, таҷизот ва системаҳои бастабандӣ пешкаш карда мешаванд.               Дар намоишгохи мазкур ширкатҳои Эрон, Руссия, ва Туркия молу маҳсулоти хешро пешкаш мекунанд. Аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ду ширкати калонтарин — ширкати «Комбайнсозӣ» ва Ширкати «Хадамоти кишоварзӣ» ва 8 то ширкати хурдаш имрӯз маҳсулоташонро пешниҳод менамоянд.               Ҳамчунин, Ҳамид Ризо Султонӣ зикр кард, ки соҳибкорони тоҷик метавонанд бо ширкати «Комбайнсозӣ» — и Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон намояндагии ҳамин ширкатро ба роҳ монанд.Инчунин, дар назар аст, ки вохурии доираҳои соҳибкорони Тоҷикистону Эрон баргузор мегардад

Ноябрь 4, 2008 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид