ДАР ДУШАНБЕ ОИД БА ВАЗЪИ АФҒОНИСТОН КОНФРОНС БАРГУЗОР МЕШАВАД

Ноябрь 10, 2008 16:01

Душанбе, 10 ноябр. (АМИТ «Ховар»,  Д.Ҷонмардова). — Рӯзҳои 11-12-уми ноябр дар Маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат» бо иштироки 30 нафар коршиноси байналмилалӣ дар мавзӯи «Осиёи Марказӣ ва Афғонистон: таҳдиду хатарҳо, имкониятҳо ва дурнамо» конфронс баргузор мегардад.       Конфронс аз ҷониби Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Пажӯҳишгоҳи байналмилалии тадқиқоти стратегии Британияи Кабир ва намояндагии САҲА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон ёфта, ба баррасии масоили вобаста ба тавсеаи рӯйдодҳо дар Афғонистон, таъсири онҳо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва нақши давлатҳои Осиёи Марказӣ дар бозсозии қувваҳои байналмилалии НАТО оид ба дастгирии амният дар Афғонистон бахшида мешавад.Дар конфронс коршиносон аз Россия, Афғонистон, Ҳиндустон, Покистону Хитой, ҳамчунин, намояндагони НАТО, САҲА, СММ ва Иттиҳоди Аврупо ширкат меварзанд.   

Ноябрь 10, 2008 16:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид