ДАР ХАТЛОН КИШТИ КАРТОШКАИ ТИРАМОҲӢ ОҒОЗ ЁФТ

Ноябрь 7, 2008 11:36

         Душанбе, 7 октябр. (АМИТ  «Ховар»,  Лаззат Диловарзод).- Аз Раёсати кишоварзии вилояти Хатлон ба мухбири АМИТ  «Ховар» иттилоъ доданд, ки кишти картошка дар вилояти Хатлон оғоз ёфт. Тибқи дурнамои хоҷагиҳои кишоварзии вилоят, соли ҷорӣ кишти картошка дар масоҳати 1 ҳазору 700 гектар пешбинӣ шудааст, ки ин нисбат ба вилояти Суғд ба андозаи 1 ҳазору 400 гектар ва нисбат ба ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  450 гектар зиёд аст. То 3- юми  ноябр дар  10 гектари  нахустини замини ин вилоят картошка кишт карда шуд. Боиси ёдоварист, ки  бо сабаби хунукиҳои шадиди зимистони соли 2008 кишти тирамоҳии картошка сахт зарар дид. Зимнан, дар масоҳати 600 гектар  картошкаи барвақтӣ — баҳорӣ кишт карда шуд, ҳарчанд  ҳосили он нисбат ба картошкаи дар моҳи ноябр ва даҳаи аввали моҳи  декабр  киштшуда камтар аст. Аз ин ҷиҳат,  дар ин вилоят кишти тирамоҳии картошка ба мақсад мувофиқ аст.

Ноябрь 7, 2008 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!