ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД ПРОФЕССОРОНУ ОМӮЗГОРОНРО МЕОМӮЗОНАНД

Ноябрь 25, 2008 14:31

       Суғд, 25 ноябр. (АМИТ «Ховар», Самад Юсуфӣ). — Раёсати Комплекси ягонаи таълимии дар шаҳри Хуҷанд будаи ДДТТ ба масъалаи компютерикунониӣ ва фаъолияти сохторҳои дохилӣ диққати аввалиндараҷа медиҳад. Бо мақсади истифодаи самараноки компютерҳо, таҷҳизоти телекоммуникатсионӣ ва хубтар ба роҳ мондани ҷараёни компютеркунонӣ дар Комплекси таълимӣ Маркази компютерӣ таъсис дода шудааст.Вазифаҳои асосии Маркази компютерӣ:-таъмини ҷараёни таълим бо синфхонаҳои компютерӣ ва фанҳои таълимӣ бо маводҳои барномавӣ;-таъмини таҷрибаомӯзиҳои таълимӣ аз «Информатика», хизматрасонии компютерии сохторҳо (кафедраҳо, шӯъбаҳои таълим, кадрҳо, муҳосибот ва ғайраҳо);    -ташкил кардани курсҳои компютерӣ барои устодон ва кормандон;   -гузаронидани машғулиятҳои факултативӣ ва иловагӣ барои донишҷӯён;    -таъмини бетаваққуфи интиқоли ахбор дар синфхонаи Интернет;   -дар ҳолати коршоямӣ нигоҳ доштани компютерҳо ва таҷҳизоти лабораторияҳои компютерӣ;   -дар ҳолати коршоямӣ нигоҳ доштани компютерҳо ва таҷҳизоти кафедраҳо ва дигар ҷузъҳои сохтории Комплекси таълимӣ ва ғайраҳо мебошанд.         Дар Комлекси таълимӣ 5 лабораторияи компютерӣ, 2 синфхонаи «Интернет» мавҷуд аст.         Лабораторияҳои компютерии Комплекси таълимӣ бо 90 адад компютер, синфхонаи «Интернет» бо 26 адад, инчунин, ҳамаи кафедраҳо ва сохторҳои дохилӣ бо компютерҳои ҳозиразамон таъмин карда шудаанд. Дар маҷмӯъ, Комплекси таълимӣ бо 216 адад компютер, 35 принтери лазерӣ, 15 сканер, 3 модеми ADSL ва 3 дастгоҳи нусхабардор таҷҳизонида шудааст.        Дар Комплекси таълимӣ ба ҳар 14 нафар донишҷӯ 1 компютер рост меояд. Вақти истифодабарии компютерҳо дар як соли хониш барои ҳар як донишҷӯ 132,48 соатро ташкил медиҳад.Раёсати Комплекси таълимӣ дар оянда низ ба масъалаи компютерикунонӣ ва фаъолияти сохторҳо диққати ҷиддӣ медиҳад.         Аз ҷумла, дар солҳои 2008-2010 ҳар сол ба миқдори 20-ададӣ харидани компютерҳо пешбинӣ шудааст ва дар соли 2010 шумораи умумии компютерҳо ба 300 адад расонида мешавад.         Дар соли ҷорӣ боз 1 лабораторияи нави компютерӣ ва китобхонаи электронӣ таъсис дода мешавад. Дар солҳои 2008, 2009 ва 2010 низ 1-ададӣ зиёд намудани лабораторияҳои компютерӣ дар назар дошта шуда, дар соли 2010 шумораи синфхонаҳои компютерӣ бояд ба 10 адад расад.       Ба шабакаи Интернет пайваст намудани ҳамаи кафедраҳо, шӯъбаҳои таълим, илм, таҷрибаомӯзӣ ва дигар сохторҳо дар соли ҷорӣ пешбинӣ карда шудааст.      Масъалаи муҳим таҳияи пакети барномаҳои амалии махсуси такомулёфта барои донишҷӯён, ба монанди «Системаҳои иттилоотӣ дар бонкҳо», «Технологияҳои иттилоотӣ дар фаъолияти тиҷоратӣ», «Системаҳои иттилоотии маркетингӣ», «Технологияҳои иттилоотии идоракунӣ», «Системаҳои иттилоотии гумрукӣ» ва ғайрахо мебошад.        Инчунин, масъалаи омӯзонидан ва бозомӯзонии компютерӣ ба профессорону омӯзгорон ва кормандони Комплекси таълимӣ доимо дар мадди назар мебошад.

Ноябрь 25, 2008 14:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Аз 1 то 3 май дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад