ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ ҚАРИБ 20 ҲАЗОР ТОННА ХӮРОКИ ЧОРВО ЗАХИРА КАРДАН
Душанбе, 19 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод). — Ба гуфти раиси шаҳри Ваҳдат, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Анвари Вайсиддин, асоси иқтисодиёти шаҳри Ваҳдатро соҳаи аграрӣ ташкил медиҳад. Соли ҷорӣ кишоварзони шаҳр дар ҳамаи сохторҳои хоҷагидорӣ дар майдони 17 ҳазору 584 гектар кишти зироатҳои тирамоҳӣ ва баҳорӣ гузаронида, нақшаи киштро 100 фоиз иҷро намудаанд. То 10 — уми ноябр ҷамъоварии ҳосил аз майдони 8540 гектар зироатҳои ғалладонагӣ, 951 гектар картошказор, 1948 гектар замини сабзавот, 194 гектар полезиҳо, 870 гектар зағир, 27 гектар тухми сабзавот ба охир расид. Баробари мусоид гаштани обу ҳаво ҷамъоварии пахта аз майдони 2582 гектар ва боқимондаи зироатҳои хӯроки чорво аз майдони 2475 гектар идома дода мешавад. Ҳоло захираи хӯроки чорво ба 18883 тонна расонида шудааст.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






