ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ ҚАРИБ 20 ҲАЗОР ТОННА ХӮРОКИ ЧОРВО ЗАХИРА КАРДАНД

Ноябрь 19, 2008 13:21

      Душанбе, 19 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод). — Ба гуфти раиси шаҳри Ваҳдат, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Анвари Вайсиддин, асоси иқтисодиёти шаҳри Ваҳдатро соҳаи аграрӣ ташкил медиҳад.      Соли ҷорӣ кишоварзони шаҳр дар ҳамаи сохторҳои хоҷагидорӣ дар майдони 17 ҳазору 584 гектар кишти зироатҳои тирамоҳӣ ва баҳорӣ гузаронида, нақшаи киштро 100 фоиз иҷро намудаанд. То 10 — уми ноябр ҷамъоварии ҳосил аз майдони 8540 гектар зироатҳои ғалладонагӣ, 951 гектар картошказор, 1948 гектар замини сабзавот, 194 гектар полезиҳо, 870 гектар зағир, 27 гектар тухми сабзавот ба охир расид. Баробари мусоид гаштани обу ҳаво ҷамъоварии пахта аз майдони 2582 гектар ва боқимондаи зироатҳои хӯроки чорво аз майдони 2475 гектар идома дода мешавад. Ҳоло захираи хӯроки чорво ба 18883 тонна расонида шудааст.  

Ноябрь 19, 2008 13:21

Хабарҳои дигари ин бахш

«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд