ДАЪВАТИ ЧИН

Ноябрь 29, 2008 12:32

                Душанбе, 29 ноябр. (АМИТ «Ховар» — РИА «Новости»). — Намояндаи махсуси раиси давлати Чин дар маҷлиси махсуси Созмони Милали Муттаҳид, ки дар Доха давом дорад, мамлакатҳои ҷаҳонро даъват намуд, ки ба давлатҳои рӯ ба инкошоф дар мубориза ба муқобили бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва бартараф сохтани оқибатҳои он кӯмак расонанд. Вай зикр намуд, ки шароити додани қарз ба чунин мамлакатҳо осонтар сохта шавад.               Илова бар ин, Пекин зарурати тезонидани суръати қабули мамлакатҳоро ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат ва афзун гардонидани нақши СММ — ро дар пешрафти иқтисодиёти ҷаҳон таъкид намуд.              Дар маҷлиси мазкур намояндагони воломақоми бештар аз 30 мамлакат, инчунин кормандони Бонки ҷаҳонӣ ва созмонҳои минтақавии ҳамкории иқтисодӣ иштирок доранд. Иштирокчиёни маҷлис зарурати ҳамкории байналхалқиро дар мубориза ба муқобили бӯҳрон ва ислоҳоти низоми молиявии ҷаҳон таъкид намуда, изҳор намуданд, ки ҳукумати мамлакатҳо бояд барои бартараф сохтани оқибати бӯҳрони молиявӣ тадбирҳои самарабахш андешанд.

Ноябрь 29, 2008 12:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад