ДАВРИ ДУЮМИ АМАЛИЁТИ «КАНАЛ -2008» АНҶОМ ЁФТ
Душанбе, 27 ноябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Дар қаламрави давлатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ даври дуюми амалиёти «Канал — 2008» анҷом ёфт. Аз Тоҷикистон дар ин амалиёт ҷузъу томҳои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти ҷумҳурӣ ширкат варзиданд. Кормандони онҳо дар давоми амалиёт 26 ҷинояти вобаста ба хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадорро ошкор ва пешгирӣ намуданд. Дар ин давра 184 килограму 290 грам маводи нашъадор мусодира карда шуд. Ғайр аз ин, 32 ҷиноят фош карда шуда, 3 мил аслиҳаи оташфишон ва як минаи танкшикан мусодира гардид.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






