ДУ ИНШООТИ МУҲИМИ ТИББӢ РАСМАН БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
25 ноябри соли 2008 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ду иншооти муҳими тиббӣ расман ба истифода супурда шуд. Яке шифохонаи марказии Гвардияи Миллӣ ва дуюм бинои асосии Донишгоҳи Давлатии Тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино аст, ки пас аз барқарорсозии баъдисӯхторӣ дубора мавриди истифода қарор гирифт. Субҳи барвақт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба шифохонаи марказии Гвардияи Миллии Тоҷикистон, ки дар мавзеи Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ қарор дорад, ташриф овард.Бо буридани лентаи рамзӣ шифохонаи марказии Гвардияи Миллии Тоҷикистон расман мавриди истифода қарор гирифт.Зимни шиносоӣ бо шароити табобатӣ ва будубоши беморон дар ин шифохона зикр гардид, ки ин биноҳо аз солҳои 90-уми асри гузашта ин ҷониб дар ҳолати ногувору валангорӣ қарор доштанд. Аз ин хотир соли 2007 – ум он бо супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба мувозинаи Гвардияи Миллии Тоҷикистон гузаронда шуд ва дар зарфи як соли охир бо харҷи 1 миллиону 730 ҳазор сомонӣ маблағи аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудогашта аз нав ободу зебо ва муҷаҳҳаз карда шуд. Дар баробари ин ба маблағи 250 ҳазор доллари амрикоӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин техникаю таҷҳизоти навтарини муоинаю муолиҷаи бемориҳои гуногун ворид карда шудааст. Таҷҳизоти аз ҳама гаронарзиши воридшуда барои ташхиси бемориҳои гуногуни дарунӣ, амалиётҳои ҷарроҳӣ ва физиотерапия пешбинӣ шудаанд, ки барои сарбозону афсарони Гвардияи Миллии Тоҷикистон ва мардуми деҳоти атроф тӯҳфаи бебаҳо аст. Айни ҳол шифохона аз 9 шӯъбаи табобатӣ, аз ҷумла шӯъбаҳои ҷарроҳӣ, эҳёгарӣ, дандонпизишкӣ, физиотерапия, бемориҳои дарунӣ, асаб, сироятӣ, пӯст ва ғайра иборат аст, ки ҳамаи он бо таҷҳизоти хушсифати ҳозиразамон таъмин гаштаанд. Ба гуфти мутахассисон бо чунин таҷҳизот ва шароити табобатӣ ин шифохона метавонад ба яке аз беҳтарин марказҳои тиббии ҷумҳурӣ табдил ёбад. Шифохона дорои 120 кати хоб аст ва дар он 111 нафар табибону дигар кормандони тиб бо ҷойи кор таъмин мешаванд.Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ба ин шифохона як автобуси мусофирбар ва се мошини ёрии таъҷилии тиббӣ тӯҳфа намуд ва бо ин шумораи мошинҳои ёрии таъҷилии он ба 6 адад расид.Зимни сӯҳбат бо кормандону табибон ва беморон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Гвардияи Миллии Тоҷикистон дастур дод, ки ба масоили гармидиҳии биноҳо дар мавсими сармо ва таъминоти ҳамаҷонибаи шифохона таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намоянд. Мардуми ҷамоати Чоряккорон низ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро бо меҳру муҳаббати беандоза ва шукргузорӣ аз сиёсати бунёдкоронаю раъиятпарвариаш самимона истиқбол гирифтанд.Шодию нишоти мардуми атроф ҳамчунин аз он аст, ки имрӯз дар ҷойи собиқ беморхонаи валангори минтақавӣ як шифохонаи ободу зебо ва муҷаҳҳазу мукаммали низомӣ бунёд ёфтааст ва он тибқи супориш ва дастгириҳои доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хизматрасонии тиббии аҳолии бистуякҳазорнафараи ҷамоати Чоряккорон ва қисман ҷамоати Чортеппаи ноҳияи Рӯдакиро низ бар дӯш мегирад. Баъди шиносоӣ бо шифохонаи марказии Гвардияи Миллӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба Донишгоҳи Давлатии Тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ташриф овард. Бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон биноҳои марказии донишгоҳ пас аз барқарорсозии баъдисӯхторӣ дубора ба истифода супурда шуд.Хотиррасон бояд кард, ки аз ин биноҳои донишгоҳ пас аз сӯхтори шадиди 26 декабри соли 2007 рухдода, ғайр аз чор девори дудзада дигар чизе боқӣ намонда буд.Дар натиҷаи чораҳои фаврии андешидаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар зарфи камтар аз 11 моҳ ин биноҳо барқарор ва аз пештара дида хеле ободу зебо ва муҷаҳҳазу мураттаб шудаанд. Мавриди таъкид аст, ки аз ин 11 моҳи барқарорсозӣ беш аз се моҳаш бо бартарафсозии осори сӯхтор сипарӣ шудааст.Танҳо барои сохтмону барқарорсозии биноҳо бо супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон беш аз 14 миллиону 100 ҳазор сомонӣ маблағҳои ҷумҳуриявӣ сарф шудааст. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо шароити таълимии навбунёд дар донишгоҳ аз наздик шинос шуда, аз он изҳори қаноатмандӣ намуд. Зимни сӯҳбатҳо зикр гардид, ки соли равон ба донишгоҳ бо беш аз 1 миллиону 200 ҳазор доллари амрикоӣ маблағҳои хайриявии давлатҳои хориҷӣ, ташкилоту муассисаҳои ватанӣ ва шахсони алоҳида техникаю таҷҳизоти гаронарзиши таълимӣ, таҷрибавӣ ва ташхисию муолиҷавӣ ворид карда шудааст, ки метавонанд ба болобарии сифати таълим ёрӣ расонанд. Ба китобхонаи электронии донишгоҳ таваҷҷӯҳи хосса зоҳир гашт. Зикр гардид, ки ин китобхона дорои 70 компютер аст ва ҳар яки он ба шабакаи ҷаҳонии Интернет пайваст мебошанд. Дар донишгоҳ боз 6 синфхонаи дигари компютерӣ аст, ки онҳо ҳам боИнтернет ва китобхонаи электронӣ пайваст гаштаанд. Ҳамагӣ 135 компютери ба Интернет пайвастшуда барои донишҷӯён пешкаш гаштааст. Китобхонаи электронии донишгоҳ бо ҳамин гуна китобхонаҳои бузургтарин муассисаҳои олии таълимии давлатҳои хориҷӣ робита ба роҳ монданӣ аст. Имрӯз танҳо дар хотираи компютерҳои ҳамин китобхонаи электронӣ 7 ҳазор китобҳои таълимӣ ва илмӣ ҷойгир шудаанд. Зимни шиносоӣ бо китобҳои нави илмию таълимӣ, ки бо забонҳои тоҷикию русӣ дастраси донишҷӯён мегарданд, зикр гардид, ки таъминоти донишгоҳ бо китобҳои дарсӣ аз 46,8 дар сади соли 2005 имрӯз ба 86 дар сад расидааст. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз он ки айни ҳол танҳо 20 дар сади дарсҳо бо забони тоҷикӣ мегузаранд, изҳори норозигӣ карда, ба роҳбарияти донишгоҳ дастур дод, ки китобҳои илмию таълимиро ба забони давлатӣ низ бештар тарҷума карда, фоизи дарсҳои тоҷикиро афзун намоянд. Дар озмоишгоҳи маҳорати касбии донишҷӯён Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон шоҳиди амалиёти таҷрибавии ҷарроҳӣ оид ба иваз кардани гурдаи харгӯш шуд. Сипас Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар толори наву барҳавои Донишгоҳи Давлатии Тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, ки дорои 380 ҷойи нишаст аст, бо роҳбарият ва ҳайати профессорию омӯзгории донишгоҳ ва ҳамчунин сардухтурони аксари беморхонаҳои кишвар ва дигар кормандони тиббу масъулони соҳаи тандурустӣ мулоқоти судманд доир намуд. Зимни суханронии пурмӯҳтаво Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон вазъи имрӯзаи соҳа ва бурду бохти онро мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор дода, оид ба бартарафсозии камбудиҳои ҷойдошта дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошт ва ҳамчунин ба суолу дархостҳои аҳли толор посух дод. Аз ҷумла дастур дода шуд, ки шумораи донишҷӯён ва гурӯҳбандии касбии онҳо мутобиқи талабот, пеш аз ҳама талаботи ноҳияҳои дурдасти кишвар ба нақша гирифта шавад. Мутобиқи дастурҳои дигари Сарвари давлат бояд дар кишвар Академияи илмҳои тиббӣ, Маркази ҷумҳуриявии ташхиси хун ва Маркази бемориҳои гулӯ ва гӯшу бинӣ таъсис дода шаванд ва хобгоҳҳои донишҷӯён дубора ба мувозанаи донишгоҳ Донишгоҳи Давлатии Тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино баргардонда шаванд. Ду хобгоҳ аллакай то охири соли оянда бояд пурра барқарор ва дар онҳо 1,5 ҳазор донишҷӯ ҷойгир шаванд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамот матбуоти Сарвари давлат иттилоъ доданд.