ДУСАД СОКИНИ ҶИРГАТОЛ ДАР ҚИРҒИЗИСТОН ТАҲСИЛ МЕКУНАНД
Ҷиргатол, 24 ноябр. (АМИТ «Ховар», Мирзосафар Ризвонов).- Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷиргатол ба соҳаи маориф диққати зарурӣ медиҳад. Барои таъмин намудани макотиби ноҳия бо омӯзгорон, ҳамасола даҳҳо нафар хатмкунандагони таълимгоҳҳои ноҳия ба донишкадаҳои омӯзгории ҷумҳурӣ ва берун аз он дохил мешаванд. Соли ҷорӣ 25 нафар хатмкардаҳо барои идомаи таҳсил ба донишкадаҳои гуногуни олии шаҳрҳои Ӯш, Ҷалолобод, Бишкек, Ҷумҳурии Қирғизистон фиристода шуданд. Айни замон дар донишгоҳҳои омӯзгории кишвари ҳамсоя 200 нафар донишҷӯён аз ноҳияи Ҷиргатол таҳсил намуда истодаанд. Роҳбарияти ноҳия бо донишҷӯёни Қирғизистон соле ду маротиба вохӯрӣ гузаронида, ба онҳо кӯмаки молиявӣ мерасонад.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






