ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ҚАТАР РАФТ

Ноябрь 28, 2008 16:59

        Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрўз 28 ноябри соли 2008 баъд аз зуҳр пас аз анҷоми сафари пурмаҳсули дўстонааш ба Ҷумҳурии Исломии Эрон, барои иштирок дар мулоқоти сарони давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии масъалаҳои вобаста ба бўҳрони молиявӣ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба маблағгузории рушд ба Давлати Қатар сафар кард. Ҳадафи конфронси маблақгузории рушд мусоидат ба татбиқи аҳдномаи Монтеррей аст, ки дар қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дарҷ ёфтаанд. Дар Қатар ҳамчунин мулоқотҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун, Амири Давлати Қатар шайх Ҳамод ибни Халифа Оли Сонӣ, Сарвазир ва вазири корҳои хориҷии он шайх Ҳамод ибни Ҷосим Оли Сонӣ, вазири молия, иқтисод ва савдои ин кишвар Юсуф Ҳусайн Камол, ҳамчунин бо роҳбарони давлатҳои дигар ва шахсиятҳои намоёну воломақом пешбинӣ карда мешавад. 

Ноябрь 28, 2008 16:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад