ЭРОН ДАР ДУШАНБЕ МАКТАБИ ЗАМОНАВӢ МЕСОЗАД

Ноябрь 4, 2008 09:58

        Душанбе, 4 ноябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Вазорати омӯзиш ва парвариши Ҷумҳурии Исломии Эрон /ҶИЭ/ тасмим гирифтааст, ки дар шаҳри Душанбе мактаби таҳсилоти ҳамагонии наву замонавӣ бунёд созад. Ин иқдом дар асоси қарордоди ҳамкории Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати омӯзиш ва парвариши ҶИЭ амалӣ гардонида мешавад.         Сардори раёсати сохтмони Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Хайриддин Шарифов дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки мактаби мазкур дар шаҳраки 92-юми Душанбе дар масоҳати 3 гектар барои 1200 нафар талаба сохта мешавад. Алҳол дар ин самт корҳои лоиҳакашӣ ба анҷом расонида шуда, он ба сохтори марбутаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе пешниҳод карда шудааст.          Мактаби мазкур аз се ошёна иборат буда, дорои толорҳои гуногун, аз ҷумла варзишӣ ва ошхона мебошад.  Он бо усули меъмории муосири шарқӣ  бунёд карда мешавад. Ҳамзамон  дар шафаташ барои 500  нафар толибилмоне, ки аз минтақаҳои дурдасти ҷумҳурӣ дар он таҳсил хоҳанд кард, хобгоҳ сохта мешавад.            

Ноябрь 4, 2008 09:58

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд