ФАРМОНИ ВАЗИР БА НАРХИ БЕНЗИН ТАЪСИР КАРД
Душанбе, 5 ноябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Тадбирҳои кам кардани таъсири бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ва танзими болоравии нархҳо» бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, Бонки умумиҷаҳонӣ ва роҳбарони ширкатҳои воридкунандаи маводи нафтӣ ва ғаллаву орд мизи мудаввар доир гардид.Муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Амонулло Ашӯр изҳор дошт, ки тибқи супориши Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, вазорат масъалаи зикршударо баррасӣ карда, дар мӯҳлати 15 рӯз ба Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон маълумот пешниҳод менамояд. Ҳамзамон, иқтисодчии пешбари Бонки умумиҷаҳонӣ Сен Гунта дар бораи ҷамъоварии маълумот барои муайян кардани дараҷаи рақобат, манбаъҳои маълумотҳо, шартҳои шартномаи байниидоравӣ, шарҳи қонунҳои зиддимонополӣ ва рушди рақобат сухан ронд.Иштирокчиёни мизи мудаввар изҳор доштанд, ки моҳҳои охир дар бозори ҷаҳонӣ нархи нафт ду маротиба арзон шуда бошад ҳам, дар бозори дохилии мамлакат мисли пештара дар сатҳи баланд боқӣ мондааст. Ин дар ҳолест, ки вазири рушди иқтисод ва савдо Ғуломҷон Бобозода охири моҳи октябр дар бораи таҳлили фаъолияти ширкатҳои монополист фармон содир намуда буд ва мутахассисони вазорат фаъолияти субъектҳои дахлдорро аз назар гузарониданд. Баъдан, дар ҷумҳурӣ аз 3 — юми ноябри соли равон нархи бензин аз 3,6 сомонӣ то 3,3 сомонӣ паст фаромад. Таҳлилҳо нишон доданд, ки дар нӯҳ моҳи соли равон ширкати «Газпромнефт» ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 86,7 ҳазор тонна маводи нафтӣ ворид сохтааст. Ширкатҳои «Нури Дилшод» ва «Умед — 88» низ ба ҷумҳурӣ мутаносибан 9,4 ва 7,3 фоиз маҳсулоти нафтӣ овардаанд.Роҳбарони ширкатҳои мазкур қайд намуданд, ки ҳар моҳ ҷумҳурӣ ба 20 ҳазор тонна маводи нафтӣ зарурат дорад, вале дар ду моҳи охир он ба Тоҷикистон 15 ҳазор тонна камтар ворид шудааст. Ҳамчунин, зикр гардид, ки миёни ширкатҳои Тоҷикистон ва таъминкунандагони маводи нафтӣ шартномаҳо ба имзо расида, дар охири моҳи ноябр нархи бензин то 2 сомонию 70 дирам паст хоҳад шуд.








Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст






