ХАЗИНАЧИИ ФУРӮДГОҲ БАРОИ ФУРӮХТАНИ ЧИПТА ДАСТГИР ШУД
Душанбе, 19 ноябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Аз ҷониби кормандони Шӯъбаи корҳои дохилии дар нақлиётбудаи вилояти Хатлон барои азхудкунии маблағ хазиначии фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб, истиқоматкунандаи кӯчаи Рӯдакии шаҳри номбурда Абдувалӣ Каримови 37-сола дастгир карда шуд. Аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки А. Каримов дар давоми фаъолияти корӣ, аз моҳи апрел то моҳи августи соли 2008 ба маблағи 14 ҳазору 486 сомонӣ чиптаи ҳавопаймо фурӯхта, пулро аз худ кардааст. Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтиш идома дорад.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






