ХАЗИНАЧИИ ФУРУДГОҲ БАРОИ ФУРӮХТАНИ ЧИПТА ДАСТГИР ШУД
Душанбе, 19 ноябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Аз ҷониби кормандони Шӯъбаи корҳои дохилии дар нақлиётбудаи вилояти Хатлон барои азхудкунии маблағ хазиначии фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб, истиқоматкунандаи кӯчаи Рӯдакии шаҳри номбурда Абдувалӣ Каримови 37-сола дастгир карда шуд.Аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки А. Каримов дар давоми фаъолияти корӣ, аз моҳи апрел то моҳи августи соли 2008 ба маблағи 14 ҳазору 486 сомонӣ чиптаи ҳавопаймо фурӯхта, пулро аз худ кардааст.Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтиш идома дорад.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






