ИМСОЛ ИСТЕҲСОЛИ ШИРУ ГӮШТ ДАР ҶУМҲУРӢ ЗИЁД ШУД
Душанбе, 3 ноябрь. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Дар нӯҳ моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли гӯшт дар ҷумҳурӣ дар ҳамаи категорияҳои хоҷагӣ 81035 тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,1 фоиз зиёд аст. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Кумитаи омори ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ин давра истеҳсоли гӯшт дар хоҷагиҳои ВМКБ — 6,9 фоиз, дар вилояти Суғд — 9,9 фоиз, Хатлон — 10,9 фоиз, ноҳияҳои Нуробод — 16,3 фоиз, Рӯдакӣ — 16,1 фоиз, Шаҳринав – 16,1 фоиз, Роғун – 5,7 фоиз ва Тавилдара – 3,1 фоиз зиёд шуд. Қобили қайд аст, ки дар ин давра 410423 тонна шир истеҳсол карда шуд, ки ин нисбат ба хамин давраи соли гузашта 4,8 фоиз зиёд аст.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






