ИМЗОИ СОЗИШНОМА
Душанбе, 29 ноябр (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова, Покиза Маҳмадбекова). — Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов ва роҳбари намояндагии ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон Рудолф Шоҳ дар бораи ҷудо кардани маблағ барои даври дуюми амалӣ сохтани барномаи таъминоти об дар шаҳри Хуҷанд созишнома имзо карданд. Ҳукумати Швейтсария барои амалӣ сохтани барномаи мазкур 4,3 миллион евро ҷудо мекунад. Даври аввали иҷрои барнома соли 2004 оғоз ёфта буд. Барномаи мазкур охири ҳамин сол пурра иҷро карда мешавад. Амалӣ сохтани барнома имкониятҳои корхонаи «Хуҷандводоканал» — ро дар бобати барқарор сохтани фаъолияти шабакаи обрасонӣ дар маҳалҳои истиқоматии соҳили рости дарёи Сир ва ҷорӣ намудани низоми андозагирии истеъмоли обро барои бештар аз 30 фоизи аҳолии шаҳр бештар намуд. Саҳми умумии Ҳукумати Швейтсария дар бобати амалӣ сохтани барномаи бо об таъмин намудани шаҳри Хуҷанд 8,74 миллион доллари ИМА — ро ташкил медиҳад. Тарҷумон — Қудратов А.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






