КИШТИ ГАНДУМ АЗ ПОРСОЛА ПЕШ ГУЗАШТ
Душанбе, 7 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар Вазорати кишоварзӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ноҳияҳои Тавилдара, Тоҷикобод ва Ҷиргатол кишти тирамоҳии зироатҳои ғалладона нисбат ба ҳамин давраи соли 2007 пештар оғоз ёфт. Тибқи нақшаи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)-и ин ноҳияҳо, кишти гандум асоси кишти тирамоҳиро нисбат ба дигар зироатҳо ташкил медиҳад. Ҳоло ноҳияи Тавилдара аз масоҳати 940 га дар майдони 10 га, ноҳияи Тоҷикобод аз масоҳати 1870 га дар масоҳати 150 га ва ноҳияи Ҷиргатол аз масоҳати 1500 гектари дар дурнамои ноҳия нишондодашуда дар масоҳати 200 га кишти гандум анҷом додаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 10, 150 ва 100 гектар зиёд аст.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






