КИТОБХОНИ АЗ ҲАМА ХУРДСОЛИ ИМА 1 СОЛАЮ 8 МОҲА АСТ
Душанбе, 28 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). — Аз рӯи барномаи «Роҳбарӣ ва идораи кори китобхонаҳо» имрӯз дар Китобхонаи миллии ба номи А. Фирдавсӣ конфронс баргузор гардид. Дар он 10 мутахассиси соҳаи китобдорӣ оид ба фаъолияти китобхонаҳои Амрико ба китобдорон маълумот доданд. Бояд қайд кард, ки чанде пеш як гурӯҳ кормандони китобхонаҳои мамлакат ба ИМА сафари сеҳафтаина доштанд. Ҳадафи сафари онҳо ошноӣ пайдо кардан бо фаъолияти китобхонаҳои Амрико ва тарзи истифодаи технологияи нав буд. Тибқи барнома онҳо бо мутахассисони амрикоӣ аз Донишгоҳи Небраска доир ба масоили идоранамоии фаъолияти китобхонаҳо, тарзу усули нави пешбурди онҳо, истифодаи бамавриди технологияи нави замонавӣ дар фаъолияти китобхонаҳо, дарсҳои назариявӣ ва амалӣ гузарониданд. Ҳамчунин, онҳо аз китобхонаи калонтарини ҷаҳон — «Конгресс», воқеъ дар шаҳри Вашингтон дидан намуданд. Китобдорон имконият пайдо карданд, ки бо хусусиятҳои хоси кори китобхонаҳои Амрико, масъалаҳои такмили захираи китоб, идоракунии китобхонаҳо, намудҳои асосии хизматрасонӣ ва масоили маблағгузорӣ шинос шаванд.Иштирокчиён зикр намуданд, ки амрикоиҳо ба китобхонӣ майлу рағбати беандоза доранд. Онҳо аз хурдсолӣ кӯдакро ба хондан ҳавасманд мегардонанд. Дар китобхонаи «Конгресс» аз ҳама муштарии хурдсол 1- солаю 8- моҳа мебошад.








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






