КИТОБИ ХУРДТАРИН ДАР ТОҶИКИСТОН ҲАМ ҲАСТ

Ноябрь 25, 2008 10:50

       Душанбе, 25 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Директори китобхонаи миллии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ Шариф Тошев аз сафари Озарбойҷон баргашт. Вай бо даъвати мудирияти Китобхонаи миллии ин мамлакат дар маҷлиси умумии даҳуми ҳамкории ғайритиҷоратӣ иштирок намуд. Дар маҷлис проблемаҳои ташкили китобхонаи умумии электронии давлатҳои ИДМ ва маркази ягонаи китобхонашиносии давлатҳои ИДМ баррасӣ карда шуданд. Меҳмонон рӯзҳои маҷлис дар ҷамъомади бошукӯҳи бахшида ба 85 — солагии Китобхонаи миллии Озарбойҷон ба номи Мирзофатҳалӣ Охундов ширкат варзида, Осорхонаи китобҳои хурдтаринро тамошо карданд. Ба қавли Ш.Тошев дар осорхонаи мазкур 6000 нусха китобҳои хурдтарин ҷамъ оварда шудаанд. Андозаи китоби хурдтарини он 2х2 миллиметр мебошад.       Китобчаи мазкур дар Ҷопон чоп шудааст. Китобчаи нахустини хурдтарини дар Русия чопшуда ҳикояҳои А.Пушкин ва М.Горкийро дар бар гирифта, ҳаҷми он 5х5 миллиметр мебошад.       Шариф Тошев ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки дар Китобхонаи миллии ба номи А.Фирдавсӣ низ чунин китобҳо мавҷуданд. Китоби хурдтарине, ки дар китобхонаи мазкур нигоҳ дошта мешавад, китоби Қуръон буда, ҳаҷми он 1,8х1,2 сантиметр аст.

Ноябрь 25, 2008 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид