КИТОБИ НАВИ ДАРСӢ БАРОИ ДОНИШҶӮЁН
Душанбе, 28 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Нашриёти «Нодир» китоби нави дарсиро бо номи «Назарияи функсияҳои таҳлилӣ» аз чоп баровард, ки барои донишҷӯён ва аспирантҳои мактабҳои олии ҷумҳурӣ пешбинӣ карда шудааст. Раиси Кумитаи давлатии омори Тоҷикистон, академик Мерган Шаҳбозов ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки китоби нав асосҳои назариявии функсияҳои таҳлилиро дар бар мегирад. Ду боби иловагии он ба мавзӯъҳои баробарии диференсиалӣ бахшида шудаанд. Муаллифони китоб раиси Кумитаи давлатии омори Тоҷикистон М.Шаҳбозов ва ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ, профессор Г.Ҷангибеков мебошанд.








Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд






