КОМИССИЯИ БАЙНИИДОРАВӢ ҶАБРДИДАГОНРО МУАЙЯН МЕНАМОЯД

Ноябрь 20, 2008 13:53

        Душанбе, 20 ноябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- 19-уми ноябри соли 2008 дар Маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси навбатии Комиссияи байниидоравии мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон баргузор гардид.       Дар ҷаласа масъалаҳои Нақшаи амалиёти мубориза бар зидди хариду фурӯши одамон, нақшаи муштарак миёни Комиссияи байниидоравии мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират барои солҳои 2008-2009, кӯшишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон, ҷалби маҷбурии ноболиғон ва донишҷӯён ба корҳои саҳроӣ, ташкили гурӯҳҳои корӣ ҷиҳати тартиб додани ҳисоботи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷараёни иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷодаи мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон ва ҳисоботи роҳбари гурӯҳи корӣ бо мақсади муайян намудани ҷабрдидагони хариду фурӯши одамон дар дохили ҷумҳурӣ ва барои аз хориҷи кишвар баргардонидани шаҳрвандони ҷумҳурӣ баррасӣ гардиданд.         Дар кори ҷаласа мудири Шӯъбаи мудофиа ва тартиботи ҳуқуқӣ Рамазон Раҳимов, инчунин, 22 нафар аъзоёни Комиссияи байниидоравӣ ва роҳбарони гурӯҳҳои корӣ, ки бо қарори маҷлиси Комиссияи байниидоравӣ аз 12-уми апрели соли 2008 (№7) таъин шуда буданд, иштирок намуданд.         Вазорати корҳои хориҷӣ иштироки намояндагони вазоратҳо ва кумитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорати ИМА, Созмони амнияту Ҳамкории Аврупо, Созмони байналмилалии муҳоҷират, Созмони байналмилалии меҳнат, Шӯъбаи Тоҷикистонии Ассосиатсияи ҳуқуқшиносони амрикоӣ, Идораи СММ оид ба мубориза бо ҷинояткорӣ ва нашъамандӣ, Созмони ғайриҳукуматии «Модар» ва Лигаи занҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷаласа таъмин намуд.  

Ноябрь 20, 2008 13:53

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд