КОРМАНДОНИ ШАБАКАИ АВВАЛ БА ЭРОН РАФТАНД
Душанбе, 11 ноябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Имрӯз як гурӯҳи 10- нафараи кормандони эҷодию техникии шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон таҳти роҳбарии саркоргардони шабакаи мазкур Набӣ Набиев ба пойтахти Ҷумҳурии Исломии Эрон -шаҳри Теҳрон рафтанд. Директори барномаҳои шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки ҳадафи сафари кормандони телевизиони Тоҷикистон ба Эрон омӯзиши таҷрибаи ҳамкасбони эронии худ мебошад. Дар ҷараёни сафар, ки як ҳафта идома меёбад, кормандони ТВТ бо роҳбарият ва масъулини Созмони садо ва симои Эрон дидору мулоқот намуда, бо фаъолияти Созмони мазкур, хусусан бо бахши техникӣ, барномасозӣ ва филмофарии он шинос мегарданд. Ҳамзамон, назар ба иттилои масъули бахши матбуоти Сафорати Эрон дар Душанбе Алиризо Ороста, сафари кормандони шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон ба Эрон дар асоси қарордоди ҳамкорӣ, ки байни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони садо ва симои Ҷумҳурии Исломии Эрон ба имзо расидааст, ҷараён мегирад. Ба ҳайати мазкур кормандони бахши техникии ТВТ ва сармуҳариррони идораҳои гуногуни он, аз ҷумла Дилором Раҳимова, Бахтиёр Сафаров, Хӯҷаназари Аминиён, Ховари Абдулҳай, Ҷумъабой Султонов ва дигарон шомиланд. Онҳо дар ҷараёни сафар бо мероси таърихию фарҳангии шаҳрҳои қадимаи Эрон ошно хоҳанд гашт.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






