М. САФАРОВ: «ИМРӮЗ БОЯД СУҒУРТА КАРДУ ФАРДО ПУШАЙМОН НАШУД»
Душанбе, 1 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз Ширкати давлатии суғуртаи Тоҷикистон «Тоҷиксуғурта» аз рӯи 36 намуди суғурта ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ хизмат мерасонад, ки аз он 13 намудаш суғуртаи ҳатмӣ ва 23 намудаш суғуртаи ихтиёрӣ мебошад. Бо назардошти моддаи 3-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғурта» ва қисми 1-и моддаи 1021 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон амалиёти оид ба суғуртаи ҳатмии давлатиро Ширкати давлатии «Тоҷиксуғурта» ва ӯҳдадории баромад кардан бо сифати суғуртакунандаи намудҳои ҳатмӣ тибқи қонун ба зиммаи ашхоси дар он муайянгардида вогузошта мешавад. Раиси Ширкати «Тоҷиксуғурта» Муҳибалӣ Сафаров дар сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» шарҳ дод, ки дар қоидаҳои суғуртаи ҳатмии давлатӣ, ки пардохти ҳаққӣ суғуртавӣ аз тарафи суғурташаванда пешбинӣ шудааст, калимаи давлатӣ бо мақсади фарқияти суғуртаи давлатӣ аз суғуртаи иҷтимоӣ истифода шудааст. Ширкати «Тоҷиксуғурта» мутобиқи санадҳои қонунгузорӣ ва меъёрию ҳуқуқӣ фаъолият намуда, дар асоси санадҳои амалкунанда суғуртаҳои ҳатмиро анҷом медиҳад. Ҳамасола Ширкати «Тоҷиксуғурта» ба 700-800 ҳазор ашхоси ҳуқуқию воқеӣ шартномаи суғуртавӣ мебандад, ки 88-90-фоизи шартномаҳои суғуртавии дар ҷумҳурӣ бастаро ташкил медиҳад. Агар ҳаққи суғуртавии воридшуда ба соҳаи «Тоҷиксуғурта» ҳаммасола 27-30 фоизи маблағҳои дар ҷумҳурӣ воридшударо ташкил диҳад, ҷуброни зарари ба суғурташавандагон дода шуда 63-70 фоизи маблағи умумии дар ҷумҳурӣ дода шуда ба соҳаи «Тоҷиксуғурта» рост меояд. Яъне, мақомоти «Тоҷиксуғурта» агар дар соли 2007 ба 12072 ашхоси ба ҷону саломатиашон ва молу амволашон осебрасида 3.988.5 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарар дода бошад, дар 9-моҳи соли ҷорӣ ба 7504 нафар чунин шахсони осебрасида 3903,0 ҳазор сомонӣ ҳақгузорӣ карда шуд. Муҳибалӣ Сафаров афзуд, ки ин нишондиҳандаҳо далели он аст, ки «Тоҷиксуғурта» аз як тараф кафолати ҷуброни зарари ба амвол ва осеби ба ҳаёт ва саломатии суғурташавандагон расида аст ва аз тарафи дигар мақомоти иҷрокунандаи Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоқикистон оиди суғурта мебошад. Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоқикистон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии давлатии мусофирони нақлиёти автомобилӣ, обӣ, ҳавоӣ ва роҳҳои оҳан» ҳамаи мусофирони нақлиёти мусофирбар бояд бо суғурта фаро гирифта шаванд. Полиси суғуртавии ҳар як мусофир чиптаест, ки ба он ҳаққи суғуртавӣ илова шудааст. Ҳаққи суғуртавӣ бошад, ба андозаи 2 фоиз аз нархи роҳкиро муайян гардида, мувофиқи банди 2-и қарори мазкур гузаронидани ин намуди суғурта ба зиммаи Ширкати давлатии «Трҷиксуғурта» гузошта шудааст. Ташкилотҳои мусофирбар бояд маблағи суғуртавии қамъшударо ҳар сари вақт ба суратҳисоби «Тоҷиксуғурта» ва ё ташкилотҳои он гузаронад, вагарна мусофирон суғурташуда ҳисобида намешаванд ва «Тоҷиксуғурта» ҳангоми ба вуҷуд омадани ҳодисаҳои нохуш ҷавобгарии зарари расидаро ба ӯҳда гирифта наметавонад. «Ин аз ӯҳдадории иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоқикистон даст кашидан аст ва таҳдиди бе ҳимояи иҷтимоӣ мондани мусофиронро ба миён меоварад. Ё худ тасаввур намоед, ки дар ҳар як корхонаю вазорат ва мактабҳои олию таҳсилоти ҳамагонӣ чи қадар одамон кор ва таҳсил мекунанд. Оё онҳо ба суғурта фаро гирифта шудаанд ё не? Баъди сар задании ҳодисақои нохуш кадом мақомот онҳоро дастгирӣ мекунад?», — тазаккур дод М. Сафаров. Имрӯзҳо дар ҳар як ташкилоту муассиса ва вазорат камаш аз 20 то 200 нафар кор мекунанд. Агар ҳар як корманд ба маблағи 10 сомонӣ ба суғуртаи ихтиёрӣ фаро гирифта шуда бошад дар мавриди рух додани ҳодисаи суғуртавӣ ба шахси зарардида ба маблағи 500 сомонӣ тобони зарар дода мешавад. Нисбат ба кормандоне, ки дар корҳои барои ҳаёт ва саломати зиёновар, аз қабили соҳаҳои газ, барқ, сохтмон, сӯзишворӣ ва ғайра кор мекунанд ягон ғамхорие зоҳир карда намешавад. «Барои мисол, имрӯзи дар утоқҳои кории ҳамаи вазорату идораҳо таҷҳизоти нави замонавиро дидан мумкин аст, ки арзиши умумии онҳо аз миллион сомонӣ мегузарад. Вале ҳeҷ кас фикр ҳам намекунад, ки миллионро ёфта таҷҳизот мехараду 1000 ё 2000-сомониро намеёбад, ки молу амволи корхонаи худро зери ҳимояи суғурта қapop диҳад, ки дар мавриди рух додани ҳодисаҳои ғайричашмдошт зиёни зарар аз тарафи ширкати сӯгуртакунанда барқарор карда шавад. Чунинанд якчанд мисолҳои ҳаётие, ки қариб ҳap рӯз мо бо онҳо рӯ ба рӯ шуда, нисбат ба иҷрои талаботҳои Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи cyғypтa» беэътиборӣ мекунем», — идома дод М. Сафаров. Чунин ҳолат дар мисоли суғуртакунонии молу мулки хоҷагиҳои кишоварзӣ баръало дида мешавад. Ягона баҳонаи роҳбарони хоҷагиҳои кишоварзӣ дар он аст, ки дар суратҳисобамон маблағ нест. Тавре маълум аст, 1 октябри соли ҷорӣ дар бозори «Шоҳмансур»-и шаҳри Душанбе сӯхтор ба амл омад. Дар натиҷа муайян гардид, ки аз сӯхтор соҳибмулкони мағозаҳои «Наргис», «Рустам» ва ярмаркаи мактабии дар шафати мағозаҳои мазкур буда зарари моддии ҷиддӣ дидаанд. Аз 60 нафар соҳибкорони мағозаи «Наргис» танҳо 2 нафарашон ва аз 10 нафар соҳибкорони мағозаи «Рустам» 2 нафарашон шартномаҳои суғуртаи ихтиёрӣ доштанду халос. Аз 9 нафар соҳибкороне, ки дар ярмаркаи мактабӣ фаъолият доштанд ягон нафар шартномаи суғуртавӣ надошт. Ширкати давлатии суғуртаи Тоҷикистон «Тоҷиксуғурта» ва ташкилотҳои дар ҷойҳобудаи он омодаанд, ки бо ҳaма гуна шахсони ҳуқуқию воқеӣ баҳри иҷрои талаботҳои Қарорҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва ба ҳимояи иҷтимоӣ фаро гирифтани онҳо аз ҳодисаҳои ногувор шартномаҳои суғуртавӣ банданд ва кафолати онро ба ӯҳда гиранд.