М. УБАЙДУЛЛОЕВ БА САНКТ- ПЕТЕРБУРГ РАФТ
Душанбе, 24 ноябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев дирӯз, 23 ноябр ба шаҳри Санкт- Петербург рафт. Имрӯзу пагоҳ дар ин ҷо маҷлисҳои Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ, Ассамблеяи байнипарлумонии мамлакатҳои аъзои Ҷомеаи иқтисодии Евразия ва Ассамблеяи байнипарлумонии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор мегарданд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад ки дар маҷлиси Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ мавзӯи «Мувофиқати сиёсати аграрии мамлакатҳои ИДМ» муҳокима карда мешавад. Маҷлиси мазкур таҳти раёсати раиси Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Ҷомеаи иқтисодии Евразия, раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор мегардад. Дар ин маҷлисҳо инчунин масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкории парлумонҳои мамлакатҳои ИДМ муҳокима карда мешаванд.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






