М. УБАЙДУЛЛОЕВ ХОСТОРИ РУШДИ РОБИТАИ ПАРЛУМОНӢ БО БЕЛОРУС ШУД
Душанбе, 26 ноябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Масъалаҳои тақвияти ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Белорус зимни мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев бо раисони палатаҳои парлумони Белорус — Шӯрои ҷумҳурии Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Белорус ва палатаи намояндагон Борис Батура ва Владимир Андрейченко баррасӣ шуданд. Дар ҷараёни мулоқоти дӯстона Маҳмадсаид Убайдуллоев раисони тозаинтихоби палатаҳои Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Белорусро барои оғози фаъолият дар вазифаҳои пурмасъулият самимона шодбош гуфта, масоили ҳамкориҳои минбаъдаи байнипарлумонии Тоҷикистону Белорусро мавриди муҳокима қарор дод. Зикр шуд, ки дар партави муносиботи дӯстонаи кишварҳо ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд, ки аз сиёсати созандаи сарони ҳар ду кишвари дӯст сарчашма мегиранд, тақвияти робитаҳои байнипарлумониро густариш бояд дод. Борис Батура ва Владимир Андрейченко дар навбати худ изҳор доштанд, ки тамоми кӯшишҳо ба он равона хоҳад гардид, ки робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Белорус ҷавобгӯи талаботи ҷомеаи муосир бошад. Дар мулоқот мусоҳибон доир ба таҳкими минбаъдаи ҳамкории дуҷонибаи парлумонӣ дар доираи созмонҳои бонуфузи парлумонию байналмилалӣ, аз ҷумла Ассамблеяҳои парлумонии давлатҳои аъзои ИДМ, Иттиҳоди иқтисодии АврОсиё ва Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ сухан гуфтанд. Зикр гардид, ки байни парлумонҳои Тоҷикистону Белорус гурӯҳи дӯстӣ ҳамкорӣ ташкил карда шавад. Мулоқот бо даъвати тарафҳо оид ба анҷоми ташрифи расмӣ ба кишварҳои ҳамдигар анҷом ёфт.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






