МАҒОЗАҲОИ НАВИ ФУРУШИ ҚИСМҲОИ ЭҲТИЁТӢ ДАР РАШТУ ХОРУҒ
Душанбе, 13 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикагролизинг» ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки корхонаҳои хизматрасонии техникӣ дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияҳои водии Рашт ба фаъолият сар карданд. Аллакай хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)-и ин минтақаҳо аз хизматрасонии ин нуқтаҳо бархӯрдор гардидаанд. Хоҷагиҳо тавассути техникаи шудгоркунандаи ин нуқтаҳои хизматрасонӣ садҳо гектар заминро шудгор намуда, кишти тирамоҳии гандумро анҷом доданд. Ҳоло дар ҷумҳурӣ 18 нуқтаи хизматрасонии техникӣ амал мекунад. Баробари ин, дар ҷумҳурӣ 7 мағозаи фурӯши қисмҳои эҳтиётӣ кушода шудааст. Рӯзҳои наздик боз 3 мағозаи дигар дар шаҳрҳои Хоруғ, Ваҳдат ва ноҳияи Тоҷикобод кушода мешаванд.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






