МАРДУМ, БАРОИ ТАЪМИНИ САЛОМАТӢ ТАДБИР АНДЕШЕД!
Душанбе, 26 ноябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- 28 — уми ноябр дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Саломатии ҷомеа — сарвати давлат» семинари ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад. Семинар бо ташаббуси Ҳукумати ҷумҳурӣ, Вазорати тандурустӣ, Бонки рушди Осиё ва Бунёди кам кардани сатҳи камбизоатии Ҷопон гузаронида мешавад. Дар он намояндагони вазоратҳои тандурустӣ, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, инчунин намояндагони созмонҳои байналхалқӣ ширкат меварзанд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки иштирокчиёни семинар масъалаҳои марбут ба амалӣ сохтани барномаи огоҳ сохтани аҳли ҷомеа аз мавзӯъҳои таъмини саломатӣ ва иштироки аҳолӣ дар тадбирҳои таъмини саломатӣ, асосҳои қонунии ташкили созмонҳои ҷамъиятӣ, нақши маъракаҳои ҷамъиятию иттилоотӣ дар беҳтар сохтани вазъи саломатии ҷомеа ва ғайраро муҳокима хоҳанд кард.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






