МАСОИЛИ ПЕШГИРИИ СӮИСТЕЪМОЛИ МАВОДИ НАШЪАДОР БАРРАСӢ КАРДА ШУД
Душанбе, 27 ноябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Имрӯз дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯистеъмоли маводи нашъадор бо иштироки муовини сарвазири ҶТ Руқия Қурбонова, муовинони директори Агентии мазкур Вайсиддин Азаматов, Бунафша Одинаева ва аъзои ин Шӯро баргузор гардид. Дар ҷаласа ҳисоботу ахбороти муовини вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Соҳиб Раҳмонов оид ба иҷрои бандҳои дахлдори Барномаи ягонаи мақсадноки давлатӣ оид ба пешгирии нашъамандӣ ва муқобилият бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012 шунида шуд. Раиси Комиссияи минтақавии Шӯрои ҳамоҳангсозӣ Руҳулло Ҳакимов оид ба пешгирии сӯистеъмоли маводи нашъадор, муовини директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Одинаева оид ба иҷрои бандҳои дахлдори Барномаи ягонаи мақсадноки давлатӣ оид ба пешгирии нашъамандӣ ва муқобилият бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар ҶТ барои солҳои 2008-2012 сухан гуфтанд. Муовини аввали раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кабирҷон Ҷӯраев оид ба иҷрои бандҳои 19, 22, 23 ва 27-и Нақшаи фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯистеъмоли маводи нашъадор дар соли 2008 маълумот дод. Инчунин, дар ҷамъомад баррасии пешниҳодоти вазорату идораҳои дахлдор ба Нақшаи фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯистеъмоли маводи нашъадор дар соли 2009 баррасӣ карда шуд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






