МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ҶОРҶ КРОЛ

Ноябрь 11, 2008 13:04

Имрўз 11 ноябри соли 2008 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини ёвари Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷорҷ Кролро ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот масоили ҷорӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз пайвастагии робитаҳои сиёсӣ ва густариши муносибатҳои ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, аз ҷумла таъкид дошт: «Тоҷикистону Амрико шарикони муҳим дар мубориза бар зидди хатарҳои ҷаҳонӣ дар минтақаи васеи Осиёи Марказианд».Қаноатмандӣ ҳамчунин аз ҳамгироиҳои босамари сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ду кишвар изҳор карда шуд.Таваҷҷўҳи зиёд ба зарурати густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ зоҳир гардид, аз ҷумла баҳри аз худ намудани захираҳои фаровони гидроэнергетикӣ ва истихроҷи газу нафти Тоҷикистон.Гуфтугў атрофи авзои кунунии Афѓонистон, бозсозии иқтисодиёти он ва рушди ҳамкориҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ низ аз мавзўъҳои асосии сўҳбат буд.Зимни сўҳбати пурмўҳтаво ҷонибҳо ҳавасмандии худро баҳри таҳкиму густариши минбаъдаи ҳамкориҳои барои ҳарду ҷониб судманд таъкид намуданд.  Дар ин бора ба АМИТ  "Ховар" аз хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ доданд.   

Ноябрь 11, 2008 13:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад