МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО АКСЕЛ ШИММЕЛПФЕННИГ

Ноябрь 4, 2008 11:47

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари гурўҳи кории Хазинаи байналмилалии асъор оид ба Тоҷикистон Аксел Шиммелпфеннигро ба ҳузур пазируфт. Дар вохўрӣ масоили ҳамкории имрўза ва ояндаи Тоҷикистон бо ин муассисаи бонуфузи молиявии ҷаҳонӣ баррасӣ шуд.Аксел Шиммелпфенниг ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оид ба натиҷаҳои татбиқи Барномаи мониторинги Хазинаи байналмилалии асъор ва рафти санҷиши фаъолияти Бонки Миллии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминийи Тоҷик» ва ШСХК «Барқи Тоҷик» ахбор дод.Аз ҷараёни татбиқи Барномаи мониторинги Хазинаи байналмилалии асъор, ки мутобиқи нақша бояд то моҳи декабри соли равон ба анҷом расад, изҳори қаноатмандӣ карда шуд ва таъкид гардид, ки гуфтушунидҳо барои гузаштан ба Барномаи нави ҳамкорӣ оид ба паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва мусоидат ба рушди иқтисодии Тоҷикистон аллакай оѓоз ёфтааст.Ба андешаи Аксел Шиммелпфенниг Тоҷикистон дар  таъмини рушди иқтисодӣ, тақвияти буҷети давлатӣ ва зиёд намудани захираҳои байналмилалии молиявии худ натиҷаҳои намоёнро ба даст овардааст.                 Ҳарду ҷониб аз рафти барқароршавии фазои мусоиди рушди ҳамкорӣ байни  Тоҷикистону Хазинаи байналмилалии асъор ва дигар муассисаҳои ҷаҳонии молиявӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.

Ноябрь 4, 2008 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд