МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО Н. ЖУСТЕН
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Роҳбари нави намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Норбер Жустен эътимоднома қабул намуд.Дар сўҳбати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Норбер Жустен, ки баъди супурдани эътимоднома сурат гирифт, масоили ҳамкории Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз густариши намоёни робитаҳои Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои аъзои он, дар маҷмўъ, изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамзамон таъкид бар он дошт, ки имкону захираҳои истифоданашудаи рушди ҳамкориҳо ҳанўз хеле зиёданд.«Иттиҳоди Аврупо шарики пешсафи Тоҷикистон дар таҳия ва татбиқи барномаю лоиҳаҳои гуногун барои дастгирии соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аст», — изҳор дошт Норбер Жустен ва афзуд, ки баҳри дастгирии сарҳадбонони тоҷик ва мусоидат ба таҳкими амнияту субот дар минтақа низ ҳамкориҳо рў ба густариш доранд.Мусоҳибон оид ба рўзномаи ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки ҳамкориҳо, ки пагоҳ дар шаҳри Душанбе ба кори худ оѓоз мекунад, гуфтугў намуда, аз пайвастагии маҷлисҳои он изҳори қаноатмандӣ карданд.Мубодилаи судманди афкор ҳамчунин оид ба роҳҳои таҳкиму густариши робитаҳои минбаъда ва дигар масоили мавриди таваҷҷўҳ сурат гирифт.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






