МУЛОКОТҲОИ ДУҶОНИБАИ Э. РАҲМОН ДАР ҚАТАР
Дар ҳошияи конфронси байналмилалии мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қатор мулоқотҳои судаманди дуҷониба анҷом дод. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Хорватия Степан Месич зимни мулоқоти дўстонаи худ, қарор карданд, ки ба кишварҳои ҳамдигар баҳри эҷод ва тавсиаи заминаи ҳамкории густурда сафарҳои расмӣ анҷом бидиҳанд. Байни онҳо оид ба доираи васеи мавзуоти ҳаёти ҷомеаи ҷаҳонӣ дар шароити кунунӣ ва ба роҳ мондани робитаҳои судманди миёни Тоҷикистону Хорватия гуфтугўйи пурмўҳтаво сурат гирифт. Дар мулоқоти Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Булѓория Георгий Пирванов масоили воаста ба таҳкиму густариши робитаҳои судманди ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба баррасӣ шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба рушди ҳамкориҳо бо Булѓория ва барқарор намудани робитаҳои анъанавии қаблӣ изҳори ҳавасмандӣ карда, Георгий Пирвановро даъват намуд, ки ба Тоҷикистон баҳри тавсиаи заминаи сиёсию ҳуқуқии ҳамкориҳо ташрифи расмӣ биёрад. Дар мулоқот бо Директори генералии Созмони умумиҷаҳонии савдо Паскал Лами Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон масоили ҳамроҳшавии Тоҷикистонро ба ин созмони бонуфуз баррасӣ намуд. Зикр гардид, ки ба гурўҳи кории омўзандаи ин масъала 52 кишвари ҷаҳон аъзо аст ва аллакай се маҷлиси он гузаронда шудааст. Ба наздикӣ бояд ҳисоботи маҷлиси сеюм пешкаш гардад ва омодагӣ ба маҷлиси навбатӣ оѓоз ёбад. Ба раванди мувофиқгардонии қонунгузории Тоҷикистон ва низоми тиҷоратии он ба талаботи Созмони умумиҷаҳонии савдо баҳои баланд дода шуд. Зимни ин сафар ҳамчунин мулоқотҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлати Қатар шайх Ҳамад ибни Халифа оли Сонӣ, Сарвазир ва Вазири корҳои хориҷиаш шайх Ҳамад ибни Ҷассем оли Сонӣ, Вазири молия, иқтисод ва савдои он Юсуф Ҳусайн Камол ва баррасии рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар назар аст. Зимни сўҳбат бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун масоили татбиқи ҳамоҳангсозии кўмаки беруна ба Тоҷикистон, пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятии СПИД, сил, вараҷа ва ѓайра, таҳкими ҳифзи сарҳадоти давлатӣ ва мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷўҳи Пан Ги Мунро ба масоили вобаста ба азхудкунии захираҳои обию энергетикии Осиёи Марказӣ ҷалб намуда, аз ў, аз ҷумла даъват намуд, ки соли 2010 дар шаҳри Душанбе дар Конфронси байналмилалии ҷамъбасти натиҷаҳои панҷсолаи татбиқи «Даҳсолаи амалиёти об барои ҳаёт» иштирок намояд. Эмомалӣ Раҳмон бори дигар омодагии Тоҷикистонро баҳри дар ҳудуди худ ҷойгир намудани Маркази ЭСКАТО ва ЕЭК – Созмони Милали Муттаҳид таъкид намуд. Масоили таҳкиму густариши ҳамкорӣ ва ҳамгироиҳо дар чаҳорчўби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчунин миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Муовини дабири кулли ин созмон Ша Тсузукан баррасӣ шуд. Зимни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлати Қатар шайх Ҳамад ибни Халифа оли Сонӣ, масоили татбиқи амалии санадҳои ҳамкории байни ду кишвар имзошударо баррасӣ гардид. Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон «пояҳои ҳуқуқии лозима барои густариши муносибатҳои дуҷонибаи дарозмўҳлати шарикӣ» байни Тоҷикистону Қатар гузошта шуданд».Сарони ду давлат тасмим гирифтанд, ки баҳри рушди пайвастаи ҳамкориҳои гуногунҷанба дар мўҳлатҳои наздик сафоратҳои худро дар кишварҳои ҳамдигар ифтитоҳ намоянд. Кушодани хатти мустаќими ҳавоии байни ду кишвар, бо сармоягузории ҷониби ќатарӣ дар шаҳри Душанбе бунёд намудани як масҷиди бузург ва мактаби замонавӣ, биноҳои истиќоматӣ, таъсис додани корхонаҳои муштараки коркарди асал, меваю сабзавот ва гўшту шир дар Тоҷикистон барои содирот ба Давлати Ќатар аз самтҳои афзали ҳамкориҳои иќтисодии ду кишвар таъкид гардиданд.