МУНОСИБАТҲО ВА ҲАМКОРИИ ТОҶИКИСТОНУ ЭРОН ВУСЪАТ МЕЁБАНД

Ноябрь 27, 2008 12:36

Душанбе, 27 ноябр. (Наргис Бойаҳмедова). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз барои боздиди  дӯстона ба Ҷумҳурии Исломии Эрон рафт. Аз дафтари матбуоти Сардори давлат ба АМИТ «Ховар» хабар  доданд, ки  дар  ҷараёни  мулоқоти  Эмомалӣ Раҳмон ва  Президенти  Эрон  Маҳмуд Аҳмадинажод  нақшаҳои  ҳамкории   ҳар  ду  кишвар  баррасӣ  карда  мешаванд. Эрон  аз ҷумлаи    давлатҳои  аввалини  минтақа  мебошад, ки  истиқлолияти   давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистонро  расман  эътироф   кардааст. Сафоратхонаи  Эрон   дар  шаҳри  Душанбе  моҳи  январи   соли  1992  кушода шуд.          Сафоратхонаи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  Теҳрон  аз  моҳи  июли  соли  1995 фаъолият  дорад. Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бори  аввал  моҳи  июни соли 1992   ба  Эрон  сафар  кард. Дар  ҷараёни  он  ҳуҷҷатҳое  имзо  шуданд, ки  ба  муносибатҳои  ҳамаҷонибаи  ҳар  ду  мамлакат  ибтидо  гузоштанд. Заминаи  асосии   рушди   муносибатҳо  ва  ҳамкории  Тоҷикистону  Эронро  таърихи  ягона, қаробати  забонҳои  миллӣ,  фарҳанг,  дин  ва  расму  анъанаҳои   онҳо  ташкил  медиҳанд.          Дар  ин  муддат  барои  густариши  муносибатҳои  байнидавлатии Тоҷикистону  Эрон  бисёр  корҳо  ба  сомон  расонда шуд. Сарони  ҳар  ду  давлат   солҳои  1995, 1997 ва  2006   ба  мамлакатҳои  ҳамдигар  расман  ташриф  оварданд.  Ҳамкории  ҳар ду мамлакат дар соҳаҳои гуногун сол то сол вусъат меёбад. Заминаи қонунии  муносибатҳо ва ҳамкории онҳо мустаҳкамтар мегардад. То имрӯз дар байни Тоҷикистону Эрон бештар аз 57  ҳуҷҷати ҳамкорӣ  имзо шудааст. Президенти Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод рӯзҳои  25-26 июли соли 2006 ба Тоҷикистон расман ташриф оварда буд. Дар ҷараёни сафар Баёнияи муштарак имзо шуд, ки  ҷидду ҷаҳди ҳар ду ҷонибро барои густариши ҳамкорӣ  дар соҳаҳои иқтисодиёт, алоқа, фарҳанг, технологияи иттилоотӣ, мубориза ба муқобили терроризм, ҷудоиандозӣ ва  қочоқи маводи нашъадор дар бар мегирад. Байни ҳар ду кишвар силсилаи созишномаҳои байниҳукуматӣ имзо шудааст, ки  заминаи қонунии ҳамкории онҳоро мустаҳкамтар месозад.                Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  изҳор намуд, ки  маҳаки асосии  гуфтушунид ҷустуҷӯи роҳу воситаҳои  рушди минбаъдаи ҳамкорӣ ва маҳз тавсиаи ҳамкории иқтисодӣ буд. Эмомалӣ Раҳмон сохтмони туннели  «Анзоб» ва НБО  «Сангтӯда — 2» — ро  намунаи  олии  ҳамкории иқтисодии ҳар ду кишвар номида, изҳори қаноатмандӣ намуд, ки  ҷониби Эрон  тайёр аст барои сохтмони туннели  «Чормағзак» ба таври имтиёзнок маблағ ҷудо кунад. Эмомалӣ Раҳмон дар робита  ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод изҳори сипос намуд.                 Вай гуфт, ки   ҳамкории Тоҷикистону Эрон ояндаи калон дорад. Дар ин бора  сол то сол  зиёд гардидани ҳаҷми хариду фурӯши мол шаҳодат медиҳад. Бонки тиҷоратии Эрон «Тиҷорат» дар шаҳри Душанбе филиали худро кушод. Ҳамкории иқтисодии ҳар ду кишвар дар соҳаҳои гуногун торафт бештар густариш меёбад. Сохторҳои тиҷоратӣ ва ширкатҳои калони Эрон дар амалӣ сохтани барномаҳои муштарак саҳм мегузоранд. Моҳи сентябри соли 2006 дар шаҳри Душанбе корхонаи муштараки Тоҷикистону Эрон — «Тоҷирон» ба истифода дода шуд, ки дар он  тракторҳои хурд сохта мешаванд.  Сохтмони туннели «Истиқлол»  асосан ба зиммаи ширкати «Собир» — и Эрон гузошта шуд. Мутахассисони ширкати мазкур дар таҳияи ҳуҷҷатҳо ва сохтмони туннели «Чормағзак» ширкат меварзанд. Ширкатҳои «Сарчашмаи ҷавонии ворлд» ва  «Порс мурғ» бо Тоҷикистон дар соҳаҳои дорусозӣ ва  мурғпарварӣ ҳамкорӣ мекунанд.Аз рӯи маълумоти Кумитаи давлатии омор, Эрон аз ҷиҳати хариду фурӯши мол бо Тоҷикистон баъди  Россия, Нидерландия, Туркия, Чин ва Қазоқистон ҷои шашумро ишғол менамояд. Маблағи хариду фурӯши мол то моҳи октябри соли 2008 дар байни Тоҷикистону Эрон ду баробар афзуда, ба  193,74 миллион доллари ИМА расид. Маблағи содироти мол аз Тоҷикистон ба Эрон дар ин давра 88,3 миллион доллари ИМА  ва маблағи воридоти мол аз Эрон ба Тоҷикистон 105,44 миллион доллари ИМА- ро ташкил дод. Муносибатҳои Тоҷикистону Эрон  ба манфиати  таҳкими сулҳи минтақавию байналхалқӣ, суботи вазъият ва  рушди иқтисодиёти минтақа сол то сол  мустаҳкамтар мегарданд. Равобити сиёсӣ ва  ҳамкории ҳар ду кишвар чӣ дар асосҳои дуҷониба  ва чӣ дар созмонҳои минтақавию байналхалқӣ, аз ҷумла СҲШ, Созмони  ҳамкории  иқтисодӣ ва Созмони конфронси исломӣ мунтазам густариш меёбанд.

Ноябрь 27, 2008 12:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон то соли 2032 ба кишвари тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил хоҳад ёфт
«САЁҲАТ БА ҚАЛБИ АВРУОСИЁ». Иштирокчиёни экспедитсия бо фарҳанг ва анъанаҳои мардуми Қазоқистон шинос шуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
Барои пешгирии вайроншавии қабати болоии роҳ аз таъсири ҳавои гарм чӣ тадбир андешида мешавад?
Дар лагери «Сарҳадбон» 100 нафар кӯдакон аз оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ТИРГОН, ЯЪНЕ, КИ ҚАДРИ ОБ ДОН. Миллате, ки об барояш муқаддас аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар 130 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор наврасон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Пешвои миллат — меъмори Ваҳдат» доир гардид