МУНОСИБАТҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚАТАР БЕШТАР ГУСТАРИШ МЕЁБАНД
Душанбе, 28 ноябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). – Таърихи муносибатҳои густурдаи Тоҷикистон ва Қатар аз сафари нахустини президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба давлати Қатар оғоз меёбад, ки моҳи ноябри соли 2000 сурат гирифта буд. Давлати Қатар яке аз давлатҳои хурд ва дар баробари ин нисбатан тараққикардаи араб буда, дар қисмати шимолу шарқии нимҷазираи Араб, дар соҳили ғарбии Халиҷи Форс ҷойгир шудааст. Сафари расмии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба давлати Қатар дар моҳи майи соли 2007 равобити ҳар ду мамлакатро боз ҳам қавитар сохта, барои вусъати ҳамкории мутақобилан муфиди онҳо заминаи воқеӣ гузошт. Сарони ҳар ду давлат зимни мулоқот роҷеъ ба имкониятҳо ва афзалиятҳои муносибатҳои мутақобилан муфиди дуҷониба, инчунин ҳамкории Тоҷикистон бо давлатҳои араб ва мусулмон табодули назар намуданд. Президенти Тоҷикистон дар робита зикр намуд, ки : «Мо метавонем, ваҳдати ҷаҳони ислом ва пешрафти онро дар заминаи сиёсати оқилона ва хусусан истифодаи имкониятҳои молиявии ҳамдигар ва сармоягузории мутақобала ба иқтисодиёти давлатҳои мусулмон таъмин намоем». Вай таъкид кард, ки «Кӯмакҳои моддию молиявии барои таъмини рушди мамлакатҳои қафомондаи мусулмон равонашуда ба манфиати ҳамаи мамлакатҳои исломӣ ҷавобгӯ мебошад». Дар ҷараёни мулоқот ба масъалаи ҷалби сармояи Қатар ва мамлакатҳои дигари арабу мусулмон барои амалӣ сохтани барномаҳо дар Тоҷикистон, аз ҷумла, дар соҳаҳои истихроҷи қувваи барқ, таъминоти об, нақлиёт, алоқа ва туризм диққати махсус дода шуд, ки баъзеи онҳо барои ҳамаи мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ аҳамияти стратегӣ доранд. Имзои чор ҳуҷҷати муҳим дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсату иқтисод, тиҷорат, илму техника, саноат ва ҳимояи мутақобалаи сармоя, инчунин баъди ин сафар ба Тоҷикистон ташриф овардани ҳайати Қатар дар бораи мароқи ҳар ду кишвар ба рушди муносибатҳои хайрхоҳонаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ шаҳодат медиҳад. Амири Давлати Қатар шайх Ҳамод бинни Халиф Алтонӣ 27 – 28 августи соли 2007 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташрифи расмии ҷавобӣ овард. Ин сафар шаҳодати равшани ҷидду ҷаҳди хайрхоҳонаи роҳбарони нахустин ва ҳукуматҳои ҳар ду мамлакат барои равнақу ривоҷи муносибатҳои дуҷониба гардид. Зимни гуфтушунидҳо самтҳои афзалиятноки муносибатҳои минбаъда, пеш аз ҳама дар бобати равона сохтани ҷидду ҷаҳдҳо барои тақвият бахшидани баъзе қисматҳои асосии ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла дар соҳаҳои истихроҷи қувваи барқ, маъдан, кишоварзӣ, саноати сабук ва озуқа, инчунин туризм муҳокима карда шуданд. Яке аз самтҳои афзалиятноки ҳамкории ҳар ду кишвар густариши муносибатҳо дар соҳаи гуманитарӣ ном бурда шуд. Аз рӯи натиҷаҳои мулоқоту гуфтушунидҳо маҷмӯи ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла, Меморандуми ҳусни тафоҳуми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи сармоягузорӣ, Созишномаи Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Давлати Қатар дар бораи таъсиси Шӯрои тиҷоратии ҳар ду кишвар, Меморандуми ҳусни тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи замбӯрпарварӣ ва Меморандуми ҳусни тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи чорводорӣ имзо шуданд. Баъди имзои ҳуҷҷатҳо қарори раиси шаҳри Душанбе дар бораи ҷудо кардани қитъаи замин ба ширкати сармоягузории «Алдиёр» — и Қатар барои сохтмони биноҳои истиқоматии ҳозиразамон бароварда шуд. Ҳар ду ҷониб паймон карданд, ки ҷониби Қатар дар Душанбе мувофиқи талаботи замони ҳозира ва бо назардошти санъати меъмории миллӣ масҷиди калон месозад. Ҳамчунин дар бораи парвози мустақими ҳавопаймоҳо дар байни ҳар ду мамлакат мувофиқа ба даст омад.Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафари меҳмони олиқадр изҳори қаноатмандӣ карда, аз ҷумла, зикр кард : «Мо хурсандем, ки дар симои Шумо, бародари мӯҳтарам, роҳбари яке аз давлатҳои мӯътабар ва пешрафтаи на танҳо Арабистон, балки тамоми мамлакатҳои исломиро дар сарзамини худ пазироӣ мекунем. Таҳкими муносибатҳо ва ҳамкории самарабахши мамлакати мо бо мамлакатҳои араб, ки мо бо онҳо муносибатҳои анъанавӣ ва дерина дорем, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати берунии давлатамон мебошад». Сарони давлатҳо зикр карданд, ки ба рушду таҳкими ҳамкории мутақобилан муфид манфиатдор мебошанд. Онҳо изҳори боварӣ намуданд, ки сафари нахустини Амири давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои оғози марҳалаи нави равобити дӯстонаи ҳар ду мамлакат ва халқҳои онҳо заминаи боътимод мегузорад. Амири Давлати Қатар шайх Ҳамод ибни Халифа Алтонӣ ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо таҷрибаи пешқадами деҳқонон ва мутахассисони соҳаи кишоварзии Тоҷикистон ба ноҳияи Ҳисор рафтанд. Сарони ҳар ду давлат дар токзори хоҷагии «Баракат» — и ноҳияи Ҳисор ба таҷрибаи пешқадами токпарварон ва навъҳои ангури парваришкардаи онҳо – «ҳусайнӣ», «ҷавз», «кишмиш», «тоифӣ» ва ғайра таваҷҷӯҳи калон зоҳир намуданд. Онҳо дар бораи амалӣ сохтани ҳуҷҷатҳои қонунии ҳамкорӣ, инчунин имкониятҳои дар Тоҷикистон бунёд кардани корхонаҳои муштараки коркарди асалу мева, сабзавот, гӯшт ва шир бо мақсади ба Қатар фиристодани маҳсулоти онҳо сухан ронданд. Инчунин ба масъалаи ба Қатар фиристодани сабзавоту меваи тару тоза ва меваи хушки Тоҷикистон дахл карда шуд. Сафари расмии Амири Давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати идомаи гуфтушуниди амалию самарабахши ҳар ду мамлакат иқдоми навбатии муҳим гардид. Ин гуфтушунид зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба давлати Қатар дар моҳи майи соли равон оғоз ёфта буд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 ноябри соли равон барои боздиди чоррӯза ба Давлати Қатар рафта, дар ин ҷо дар Конфронси байналхалқии бахшида ба фаъолияти минбаъда дар соҳаи рушди сармоягузорӣ ва муҳокимаи ҷараёни амалӣ сохтани аҳдномаи Монттерей иштирок мекунад. Эмомалӣ Раҳмон зимни сафараш дар Қатар бо Муншии умумии СММ Пан Ги Мун, муовини муншии умумии СММ дар масъалаҳои иҷтимоию гуманитарӣ ва роҳбари Барномаи рушди СММ Камоли Дарвеш мулоқот хоҳад кард. 30 ноябр мулоқотҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Амири Давлати Қатар шайх Халифа бинни Ҳамод Алтонӣ, сарвазир ва вазири корҳои хориҷии Қатар Ҳамод бинни Ҷосим Алтонӣ, вазири молия, иқтисод ва тиҷорати ин мамлакат Юсуф Ҳусейн Камол баргузор хоҳанд гашт.