МУЗДИ КОР ДАР СОЛИ 2009-УМ КОҲИШ МЕЁБАД?
Душанбе, 26 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Созмони ҷаҳонии кор аз коҳиши музди кори миллионҳо нафар дар саросари олам дар соли 2009 ҳушдор медиҳад. Дар гузориши нави ин созмони байналмилалӣ гуфта мешавад, ки дар аксари кулли кишварҳо на танҳо болоравии музди кор ба мушоҳида нахоҳад расид, балки баръакс, бо назардошти таваррум ҳаҷми воқеии он коҳиш хоҳад ёфт. Поинравии маош дар навбати худ ба кам шудани тавони харидории аҳолӣ ва дар ин робита ба амиқрафти бӯҳрон сабаб мегардад. Мутахассисони Созмони ҷаҳонии кор аз ҳукуматҳо хостаанд, то ба танзими оқилонаи ҳадди камтарини музди кор, ҳифзи қудрати харидории шаҳрвандон ва афзоиши масрафи дохилӣ талош кунанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






