Н. ЖУСТЕН: «ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОНРО БЕСАБРОНА ИНТИЗОРЕМ»

Ноябрь 24, 2008 16:55

       Душанбе, 24 ноябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойаҳмадова).- Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Норбер Жустенро ба ҳузур пазируфт. Н. Жустен ба Президенти Тоҷикистон эътиборнома супорид.        Меҳмон баъдан ба журналистон хабар дод, ки ҳамроҳи Президент масъалаҳои таҳкими муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ намудааст.        Вай зикр намуд, ки Иттиҳоди Аврупо Тоҷикистонро дар соҳаҳои сиёсию иқтисодӣ, беҳтар намудани шароити сармоягузорӣ ва рушди тиҷорат бо мамалакатҳои узви иттиҳод дастгирӣ мекунад. Иттиҳоди Аврупо айни ҳол дар Тоҷикистон силсилаи барномаҳоро амалӣ месозад. Зимни мулоқот масъалаи вазъияти Афғонистон низ муҳокима карда шуд. Н. Жустен дар фарҷоми сӯҳбат гуфт, ки «Мо бесаброна интизори ташрифи Президенти Тоҷикистон ба Брюссел мебошем».

Ноябрь 24, 2008 16:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид