НАҚШАРО ИҶРО НАКАРДЕМУ ҒӮЗАПОЯРО АЗ ЗАМИН НАМЕКАНЕМ!
Душанбе, 28 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти фаврии Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ, баробари мусоид шудани ҳаво пахтакорон ба ҷамъоварии ҳосили боқимонда шурӯъ карданд. Рӯзи 24- уми ноябр дар ҷумҳурӣ ба миқдори 625 тонна пахта ҷамъоварӣ гардид, ки ин ба 0,1 фоиз баробар аст. Дар вилояти Суғд аз аввали мавсим ба ҷои 172 ҳазору 100 тоннаи дар нақша пешбинишуда 86 ҳазору 988 тонна пахта ҷамъоварӣ гардидааст, ки ин ба 50,5 фоизи нақшаи солонаи ҷамъоварии пахта баробар аст. Дар вилояти Хатлон аз 331 ҳазору 900 тоннаи дар нақша нишондодашуда 229 ҳазору 76 тонна пахта ҷамъоварӣ гардидааст, ки ин ба 69 фоиз баробар аст. Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ вазъи ҷамъоварии пахта боз ҳам бадтар аст. Дар ин ҷо ҳамагӣ ба андозаи 48,5 фоизи нақша пахта ҷамъоварӣ шудааст. Бо вуҷуди ин, ҳеҷ як хоҷагӣ заминро аз ғӯзапоя тоза карданӣ нест. Соли ҷорӣ ҳам замини пахта шудгор нашуда мемонад, ки зарари он ба кишти соли 2009 бетаъсир нахоҳад буд.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






