НАХУСТХИШТИ ҶАМОАТХОНА ДАР ВМКБ ГУЗОШТА ШУД
Хоруғ, 3 ноябр. (АМИТ «Ховар», Л.Додоев).- Волоҳазрат Оғохони 1У, ки бо даъвати Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, бо сафари се рӯзаи 2- юми ноябр вориди шаҳри Хоруғ гардидаасту ӯро муовини аввали сарвазири Ҷумҳурӣ Асадуллоҳ Ғуломов ҳамроҳӣ менамояд, 3- юми ноябр дар паҳлӯи Боғи фарҳангии шаҳри Хоруғ нахустхишти бинои азими Ҷамоатхонаро гузошт. Муовини аввали Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурӣ, раиси ВМКБ Қодири Қосим зикр намуд, ки тӯли 15 соли охир ба вижа дар даврони муқовиматҳои бемаънии ҷонибҳои даргир Оғохон ба мардуми саросари Бадахшон, новобаста аз миллату дину мазҳаб имдоди фаровони ғизоӣ расонид. Ва баъдан ба хотири ободонии Бадахшон, баланд бардоштани сатҳи зиндагонии сокинони вилоят барномаҳои гуногун,ба деҳот дар самти гузаронидани хати обу бунёди нерӯгоҳҳои хурди барқӣ, дар деҳот, бунёди бунгоҳҳои тиббӣ, рӯи кор омадани фермаҳои мурғпарварию бӯзпарварӣ амалӣ шуданд. Ҳоло бошад, дар мавзеъҳои дигари ҷумҳурӣ низ барномаҳои Оғохон рӯи кор меоянд. Баъди гузоштани нахустхишти ҷамоатхона Мавлоно Шоҳкарим — ал-Ҳусайнӣ аз рафти таъмири Боғи фарҳанги вилоят, ки 3 сол қабл бо маблағи Бунёди Оғохон оғоз шуда буд, дидан кард. Тавре маълум гашт, дар боғ дигаргуниҳои зиёде рӯи кор омадаанд ва он имрӯз ба яке аз зеботарин боғҳои истироҳатии Осиёи Марказӣ табдил ёфтааст, дар ҳоле, ки таъмири боғ ҳанӯз идома дорад.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






