НАМОЯНДАГОНИ АССАМБЛЕЯИ БАЙНИПАРЛУМОНИИ ИДМ ТАҶРИБА АНДӮХТАНД
Душанбе, 3 ноябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Баргузории ҷаласаи Ассамблеяи байнипарлумонӣ оид ба омӯзиши таҷрибаи сохтори давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ натиҷаҳои назррасеро ба бор меорад», гуфт зимни суханронияш намояндаи Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия оид ба масъалаҳои худидораи маҳаллӣ Юрий Осинтсев дар ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, ки чанде пеш дар Душанбе баргузор шуд. Мавсуф аз ҷараёни баргузории ҷаласа натиҷагирӣ карда, таъкид сохт, ки иштирокдорони ин нишаст, ки намояндагони парлумонҳои кишварҳои аъзои ИДМ мебошанд, дар заминаи омӯзиши Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ таҷриба андӯхтанд ва бо фаъолияти парлумони Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон аз наздик шинос гардиданд. Ба андешаи Ю. Осинтсев баргузории чунин чорабиниҳои байнипарлумонӣ дар доираи Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои ИДМ қадами муҳиме дар роҳи рушди парламентаризм буда, он ба такмилу бозомӯзии қонунҳо ва бо истифода аз таҷрибаи ҳамдигар қабул намудани санадҳои сифатан наву самарабахш мусоидат менамояд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






