НАШЪАҶАЛЛОБОН БА ДАСТ АФТОДАНД
Душанбе, 24 ноябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода). – Кормандони Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти ҷумҳурӣ кӯшиши фурӯши ғайриқонунии миқдори махсусан калони маводи нашъадорро барбод доданд. Амалиёт барои барҳам додани гурӯҳи муташаккили ҷинояткор бештар аз се моҳ давом кард. Гурӯҳи мазкур муддати тӯлонӣ дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисор ба хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор машғул буд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки аъзои гурӯҳ зимни дастгир шуданашон ба кормандони агентӣ муқовимати фаъолона нишон доданд. Баъдан дар натиҷаи кофтукови мошини сабукрави «ВВ Тайрег» 20 халтачаи селофанӣ ёфт шуд, ки зиёда аз 18,5 килограм моддаи нашъадори героин дошт. Кормадони раёсати агентии мазкур дар вилояти Хатлон дар ҳудуди бозори Паншери Душанбе сокини 27 – солаи шаҳри Кӯлоб Н.Раҳимовро дастгир намуданд. Дар ҷараёни кофтуков аз номбурда 15 қуттии гӯгирд ёфт шуд, ки дар онҳо 158 грам моддаи нашъадори канабис пинҳон карда буд. Аз рӯи ин рӯи воқеаҳо парвандаҳои ҷиноӣ кушода шуданд, тафтиши онҳо давом дорад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки шахсони дастгиршуда айни ҳол дар маҳбаси муваққатӣ нигоҳ дошта мешаванд.








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






