НАШЪАҶАЛЛОБОН БА ДАСТ АФТОДАНД

Ноябрь 24, 2008 15:14

       Душанбе, 24 ноябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода ). – Кормандони Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти ҷумҳурӣ кӯшиши фурӯши ғайриқонунии миқдори махсусан калони маводи нашъадорро барбод доданд. Амалиёт барои барҳам додани гурӯҳи муташаккили ҷинояткор бештар аз се моҳ давом кард. Гурӯҳи мазкур муддати тӯлонӣ дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисор ба хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор машғул буд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки аъзои гурӯҳ зимни дастгир шуданашон ба кормандони агентӣ муқовимати фаъолона нишон доданд.       Баъдан дар натиҷаи кофтукови мошини сабукрави «ВВ Тайрег» 20 халтачаи селофанӣ ёфт шуд, ки зиёда аз 18,5 килограм моддаи нашъадори героин дошт.      Кормадони раёсати агентии мазкур дар вилояти Хатлон дар ҳудуди бозори Паншери Душанбе сокини 27 – солаи шаҳри Кӯлоб Н.Раҳимовро дастгир намуданд. Дар ҷараёни кофтуков аз номбурда 15 қуттии гӯгирд ёфт шуд, ки дар онҳо 158 грам моддаи нашъадори канабис пинҳон карда буд.      Аз рӯи ин рӯи воқеаҳо парвандаҳои ҷиноӣ кушода шуданд, тафтиши онҳо давом дорад.      Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки шахсони дастгиршуда айни ҳол дар маҳбаси муваққатӣ нигоҳ дошта мешаванд.

Ноябрь 24, 2008 15:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Раиси вилояти Хатлон дар Қазоқистон бо ҳамватанон ва соҳибкорони тоҷик вохӯрӣ намуд
Дар марказҳои таълимии шаҳри Кӯлоб аз рӯи 52 касбу ихтисос мутахассис омода карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба муносибати қабули ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло
Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест
Дар Бохтар бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ аксияи ҳизбии «Тақдими варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон» баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Варзоб Конфренсияи илмӣ-амалии «Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан мебошад» баргузор шуд
Дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид