НУРОВ УМЕД ДОРАД, КИ БА ХОНАНДА КӮМАК МЕРАСОНАД
Душанбе, 28 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Ба наздикӣ дар Душанбе китоби нав бо номи «Масъалаҳои омӯзишу таҳқиқ ва рушди забони илмии тоҷикӣ» нашр гардид. Он дар матбааи АИ ҶТ «Дониш» ба табъ расида, муаллифаш забоншинос Пирмаҳмад Нуров мебошад. Дар монографияи мазкур таърихи ташаккулу такомули забони илмии тоҷикӣ, мушкилоти эҷод ва рушди минъбаъдаи он, масъалаҳои назариявиву амалии забони адабиёти илмии техникии тоҷикӣ, аз ҷумла истилоҳоти илмии техникӣ мавриди таҳқиқу таҳлил қарор гирифта, роҳҳои татбиқи забони тоҷикӣ дар соҳаи илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва техникӣ, принсипҳои мураттабу якгунсозӣ ва стандартигардонии истилоҳоти илмии техникӣ дар луғатномаҳои истилоҳот муайян карда шудаанд. Муаллиф умед дорад, ки рисола таҳқиқи минбаъдаи забони илмии тоҷикӣ ва истилоҳу истилоҳшиносиро дар забони тоҷикӣ ривоҷ бахшида, бо устодону донишҷӯён воситае барои омӯзонидану аз бар кардани назарияи забони илм ва истилоҳшиносӣ ва ба муаллифону мутарҷумони адабиёти илмиву дарсӣ дастуре барои сохтани истилоҳоти илмӣ ва техникӣ мегардад.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






