ОФАРИДАҲОИ НАВИ ОЛИМОНИ ТОҶИК

Ноябрь 26, 2008 12:11

Душанбе, 26 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Олимони соҳаи кишоварзӣ дар хоҷагиҳои таҷрибавӣ пахтаи миёнанахи навъҳои «ВД-11», «Нозирӣ», «Неъмат», гандуми мулоимдонаи навъҳои «Ориён» ва «Сомонӣ», мушунги навъи  «Серҳосил», пахтаи маҳиннахи навъи «748-В», нахӯди навъи «Ҳисор- 32», наски навъи «Ҳисор- 1» ва «Ҳисор- 5»- ро ҳамчун навъҳои ояндадори озмудашуда барои кишт пешниҳод намуданд. Олимони соҳаи боғдорию сабзавоткорӣ бошанд, навъи ноки «Зарнисор» ва навъи шафтолуи «Гулизард»- ро барои истифодабарӣ пешниҳод карданд. Ду навъи картошка – «Мӯъминобод» ва  «Файзобод», ки натиҷаи фаъолияти якҷояи олимони Пажӯҳишгоҳи боғпарварию сабзавоткорӣ ва Пажӯҳишгоҳи физиологияи растаниҳо ва генетикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон аст, ба вуҷуд оварда шуд,- иброз дошт котиби илмии Академияи кишоварзӣ Давлатҷон Комилзода ба мухбири АМИТ «Ховар».

Ноябрь 26, 2008 12:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар