ОМОДАГӢ БА МАВСИМИ ТИРАМОҲУ ЗИМИСТОНИ 2008 -2009
Душанбе, 4 ноябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). -Бо мақсади омӯхтани омодагии муассисаҳои табобатию профилактикии шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои ҷумҳурӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2008 – 2009, тибқи фармони Вазири тандурустӣ аз 27 октябр то 8 ноябри соли ҷорӣ роҳбарону мутахассисони Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муассисаҳои мазкур дидан хоҳанд кард. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ хабар доданд, санҷишҳо дар вилоятҳои Хатлон, Суғд, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва муассисаҳои ҷумҳуриявӣ бо дастгирии Бюрои минтақавии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, Лоиҳа оид ба тандурустии ҷамоавию заминавӣ (Бонки умумиҷаҳонӣ), Лоиҳаи ислоҳоти системаи тандурустии Тоҷикистон (Бонки Осиёии рушд) ва Лоиҳаи Сино гузаронида мешаванд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






