ОЗМУН БАРОИ ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММАВӢ
Душанбе, 24 ноябр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). – Бунёди ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон ба шарафи 10 – солагии таъсиси худ кормандони воситаҳои ахбории оммавии Тоҷикистонро даъват мекунад, ки дар озмун ширкат варзанд. Корманди созмони мазкур Гулноза Ҳасанова ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки ба озмун асосан гузоришҳо қабул карда мешаванд. Онҳо бояд ба яке аз соҳаҳои фаъолияти Бунёди ҳамкории Швейтсария бахшида шаванд. Гузоришҳо бояд мавзӯъҳои марбут ба соҳаҳои тандурустӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои об, энергетика, рушди сектори хусусӣ, кам кардани хавфи фалокатҳои табиӣ ва дастраси ҳамагон гардондани адолати судиро дар бар гирад. Хабару мақолаҳо ба озмун то 31 декабри соли равон ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ қабул карда мешаванд.








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






