ОЗМУНИ «ЗЕБОСАНАМИ ДУШАНБЕ» ҶАМЪБАСТ МЕШАВАД

Ноябрь 27, 2008 12:29

             Душанбе, 27 ноябр. (АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев).- 20 -умидекабр дар бинои  Маркази тиҷоратии  «Вефа»  озмуни  «Зебосанами Душанбе дар соли 2008»  ҷамъбаст карда мешавад. Дар он занону духтарони аз 18 то 24 — сола иштирок менамоянд. Ташкилкунандаи озмун роҳбари Ҷамъияти саҳомии  «Пиар» Парвина Мақсудова мебошад. Вай ба мухбири АМИТ «Ховар»  хабар дод, ки иштирокчиёни озмун айни ҳол ба ҷамъбасти он тайёрӣ мебинанд. Сурати ҳамаи 12 нафар иштирокчиёни озмуни хотимавӣ дар кӯчаю майдонҳои шаҳр овехта мешавад. П.Мақсудова зикр кард, ки  ғолиби озмуни  «Зебосанами Душанбе» бо роҳи овоздиҳии  мухлисони онҳо ба воситаи Интернет ва  телефонҳои мобилӣ муайян карда мешавад. Овоздиҳии мухлисон ба воситаи Веб- сайти www/ gorod/tj ва фиристодани хабари кӯтоҳ (SMS) ба воситаи телефонҳои мобилӣ аз дирӯз оғоз ёфт. Ҳайати доварон 20- уми декабр миқдори овозҳоро ҳисоб карда, ғолиби  озмунро муайян менамояд, — гуфт П.Мақсудова. 

Ноябрь 27, 2008 12:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид